Тафсири Сураи Анбиё Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 50
وَهَٰذَا ذِكْرٌ مُبَارَكٌ أَنْزَلْنَاهُ ۚ أَفَأَنْتُمْ لَهُ مُنْكِرُونَ ٥٠
Ва ҳаза зикру-м-мубаракун анзалнаҳ. А-фа антум лаҳу мункирун. 50.
50. Ва ин Қуръон панде бо баракат аст, онро фурӯ фиристодем, оё шумо бар он мункир ҳастед?
Бо муқоиса ба оятҳои 48 ва 49, валлоҳу аълам, маънои ояти мазкур чунин аст. Чуноне ки гузашт, агар Таврот ҷудокунанда, нур, панду андарз бошад, бе шакку шубҳа Қуръон ин сифатҳоро дар шакли олитар ва комилтару беҳтар дорост. Яъне Худованд гуфтааст, ки Мо ба Муҳаммад (с) Қуръонро фиристодем, чунон ки ба Мӯсо (а) ва Ҳорун (а) Тавротро фиристодем. Муҳаммад (с) Қуръонро аз худ набофтааст. Қуръон барои касе, ки аз он панд мегирад, андарзе аст хуҷаста, мавъизаи бедоркунанда ва бисёр пурхайру пурбаракат ва нафъи азим дар онаст.
Дар охири оят Худои таъоло барои сарзаниш ва маломат бо ҷумлаи саволӣ ба мушрикони араб муроҷиат карда гуфтааст, ки шумо эътироф мекунед, ки Таврот аз тарафи Ҳақ таъоло фурӯ фиристода шудааст, пас чӣ гуна Қуръонро мункир мешавед, ҳол он ки он низ аз тарафи Аллоҳ таъоло нозил шудаасту бешакку шубҳа ва беандоза китоби Илоҳӣ будани Он равшан аст?
Барои тасаллии хотири Пайғамбар (с), аз ояти 51-ӯм то 82-ӯми ин сура Худованд қиссаҳои Паёмбарони пешинро зикр намуд, то ин ки аз моҷаро, мушкилот ва озмоишҳои бар сари онҳо омада бохабар бошад ва дар таҳаммули азият ба онҳо пайравӣ кунад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «