Сураи Анбиё Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 56

قَالَ بَلْ رَبُّكُمْ رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ الَّذِي فَطَرَهُنَّ وَأَنَا عَلَىٰ ذَٰلِكُمْ مِنَ الشَّاهِدِينَ ٥٦

Қола ба-р-Раббукум Раббу-с самавати ва-л-арЗи-л-лазӣ фатараҳунна ва ана ъала заликум-м мина-ш-шаҳидӣн. 56.

56. Гуфт: «Балки Парвардигори шумо Худованди осмонҳо ва Замин аст Он, ки офарид инҳоро ва ман бар ин сухан аз гувоҳон ҳастам.

Иброҳим (а) дар ҷавоби саволи бутпарастон гуфт ки ман бо шумо шӯхӣ надорам ва на бо шумо бозӣ мекунам, балки ақидаи ман ин аст ва бо боварии комил шаҳодат медиҳам, ки на танҳо назди ман, балки дар ҳақиқат ин бутҳо сазовори парастиш нестанд. Парвардигоре шоистаи парастиш ҳаст, ки Ӯ Парвардигори мо ва шумо, осмонҳо ва Замин аст, ки онҳоро аз нестӣ ба ҳастӣ оварда нигоҳ медорад. Бо далелҳои раднашаванда ман гувоҳам ва шаҳодат медиҳам, ки Худованд якка ва ягона аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)