Тафсири Сураи Анбиё Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 6
مَا آمَنَتْ قَبْلَهُمْ مِنْ قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَاهَا ۖ أَفَهُمْ يُؤْمِنُونَ ٦
Ма аманат қаблаҳум-м мин қарятин аҳлакнаҳа. А-фа ҳум юъминун. 6.
6. Пеш аз онҳо ҳеҷ деҳае, ки онро ҳалок кардем, имон наёварда буд. Оё онҳо имон хоҳанд овард?
Дар баёни сабаби нозилшавии ин ояти карима ривоят шудааст, ки мардуми Макка ба Расули Худо (с) гуфтанд: “Агар он чи мегӯӣ, ҳақ аст ва имон овардани мо туро хушҳол мекунад, пас кӯҳи Сафоро барои мо тилло бигардон.” Дар ин ҳангом Ҷабраил (а) назди Он ҳазрат (с) омад ва гуфт: «Агар бихоҳӣ, ин дархости қавмат бароварда мешавад, вале дар сурате, ки бароварда шуд ва онҳо имон наёранд, дигар ба онон ҳеҷ мӯҳлате дода намешавад ва агар мехоҳӣ, ки бар қавмат меҳрубонӣ кунӣ, низ мухторӣ (соҳибихтиёрӣ)». Расули Худо (с) фармуданд: «Балки бар қавмам меҳрубонӣ мекунам ва дар фуруд омадани азоб бар онон шитоб ба харҷ намедиҳам ва барои онҳо хостори мӯҳлат ҳастам». Ҳамоно буд, ки ояти мазкур нозил шуд, Худованд дар он аз қонун ва суннати Худ, ки аз сари умматҳои пешин гузаштааст, ёдовар шуда, чунин гуфт, ки қабл аз онҳо (мушрикони Макка), мардуми деҳаҳои пешгузашта низ аз пайғамбаронашон дархости муъҷиза карда буданд. Ҳаргоҳ ба онон мӯъҷизаи дархосткардаашон ба василаи пайғамбарашон фиристода мешуд, онҳо боз ҳам имон намеоварданд. Ҳар қавме, ки пас аз мушоҳидаи мӯъҷизаи хосташон имон наёвард, қонуни Илоҳӣ дар ҳаққи онҳо ин буд, ки ба таври қатъӣ дар дунё азоби решаканкунанда ва хонумонбарандозанда ба сари онҳо фуруд меомад ва онҳо несту нобуд мешуданд.
Дар охир бо ҷумлаи саволӣ Худованд фармудааст, ки оё онҳо (мушрикони Макка) муъҷизаҳои хостагиашонро бинанд, ҳақ будани суханҳои Муҳаммад (с)-ро тасдиқ мекунанд? Ҳаргиз! Онҳо аз мушрикони пешин дида, гарданкаштаранд. Пас, агар бинанд, гумроҳтар мешаванд ва гирифтори азоби нобудкунанда мегарданд. Худо медонад, ки аз насли онҳо инсонҳои боимон пайдо мешаванд, пас ба зинда мондани онҳо ҳукм кардааст. Ба ҳамин далел аст, ки пешниҳодашон дар фиристодани муъҷизаи ошкор дар айни ҳол қабул нашуд. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «