Тафсири Сураи Анбиё Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 7
وَمَا أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ إِلَّا رِجَالًا نُوحِي إِلَيْهِمْ ۖ فَاسْأَلُوا أَهْلَ الذِّكْرِ إِنْ كُنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ ٧
Ва ма арсална қаблака илла риҷалан-н нуҳи илайҳим. Фас-алу аҳла-з-зикри ин кунтум ла таъламун. 7.
7. Ва нафиристодем пеш аз ту, магар мардонеро, ки ба онҳо ваҳӣ мефиристодем, пас, агар шумо намедонед, аз аҳли Китоб бипурсед.
Худованд дар ояти мазкур ба шубҳаи мушрикони Макка, ки пайғамбар бояд фақат аз ҷинси фаришта бошаду на аз асли инсон, раддия баён намуда гуфтааст, ки ба сӯи умматҳои гузаштаи пеш аз Ту фақат мардонро пайғамбар намудему ба онҳо ваҳй фиристодем, ҳаргиз пайғамбарони мо барои мардум аз ҷинси фариштагон набуданд. Пас, чӣ гуна пайғамбарии туро мункир мешаванд ва мегӯянд, ки ту ҳам мисли мо башар ҳастӣ? Пас, эй мушрикон агар шумо ин (ҳақиқат)-ро намедонед, аз аҳли зикр (яъне аҳли китоб: яҳудиён ва насрониён) савол кунед.
Муфассирон эзоҳ додаанд, ки мурод аз «аҳли зикр» дар инҷо он олимони Таврот (яҳудиён) ва Инҷил (насрониён)-анд, ки ба Он ҳазрат (с) имон оварда буданд. Агар мурод аз «аҳли зикр» мутлақ аҳли китоб бошад ҳам, дар шарҳи маънои оят ҳеҷ мушкилие нест.
Аз қисми охири ояти мазкур чунин бармеояд, ки агар мушрикон аз аҳволи пайғамбарони гузашта хабаре ба даст надошта бошанд, ки оё онҳо инсон буданд ё фаришта, пас, аз олимони Таврот ва Инҷил дарёфт намоянд. Зеро ҳамаи онҳо медонанд, ки ҳама пайғамбарони гузашта аз навъи инсон буданд.
Аз ин оят маълум мегардад, ки барои инсони оддие, ки аз ҳукмҳои шариат маълумот надорад, воҷиб аст аз олиме тақлид (пайравӣ) кунад. Ҳамин тавр, дар ҳар ҳукми шариат, ки инсон нисбат ба он дониш надорад, бояд аз аҳли илму дониш бипурсад. (Қуртубӣ)
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «