Мардеро дидам, ки либосҳои гаронқиммат бар тан дошт, ки аз давлату сарвати боарзиш доштанаш далолат мекарданд. Вале аҷиб, ӯ ба девори рӯ ба рӯ будааш менигаристу мегирист. Чун таваҷҷуҳ кардам, дар он девор чунин навиштаеро хондам: «Ин ҳам мегузарад». Сабаби гиряашро пурсидам ва низ ҳикмати навиштаро гуфт: «Ман чанд сол пеш дар ин макон чизҳои камарзишу нокораеро мефурӯхтам. Барои тасаллои рӯзгори бади худ чунин ҷумларо он вақт навишта будам. Ва ҳоло, ки соҳиби моли дунёиям, онро боз, аз нав навиштам. Оре: «Ин ҳам мегузарад».
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА, рӯзномаи “Ҷумҳурият”

