Сураи Анбиё Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 65

ثُمَّ نُكِسُوا عَلَىٰ رُءُوسِهِمْ لَقَدْ عَلِمْتَ مَا هَٰؤُلَاءِ يَنْطِقُونَ ٦٥

Сумма нукису ъала руусиҳим лақад ъалимта ма ҳаулаи янтиқун. 65.

65. Пас, бар сарҳои хеш нагунсор (мулзам) шуданд (гуфтанд): «Ҳамоно, ту медонӣ, ки онҳо сухан намегӯянд».

Муфассирони олиқадр дар эзоҳи ояти мазкур бо раванди шарҳи оятҳои қаблии ҳамин сура мувофиқат намуда гуфтаанд, ки бо дарки ҳақиқати ҳол, бутпарастон сар хам (нагунсор) гаштанд, аммо ин ҳолати дарки оҷизӣ ва нотавонии бутҳояшон ҳамагӣ якчанд лаҳза давом дошт. Баъди чанде боз ба инкори ин ҳақиқат пардохта, ба ҷаҳлу душмании деринаашон баргашта, бо тамасхур ва сарсахтӣ ба Иброҳим (а) гуфтанд, ки ту медонӣ, ки ин бутон забон надоранд, сухан намегӯянд ва ҷавоб намедиҳанд, пас чӣ гуна ба мо мегӯӣ, ки аз онҳо бозпурсед?

Ин буд он лаҳзае, ки Иброҳим (а) аз бутпарастон интизорӣ дошт, то онҳо ба оҷизии бутҳояшон бо забони худ эътироф кунанд. Дар ҳақиқат чунин ҳам шуд. Сипас Иброҳим (а) ба онҳо…


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)