Тафсири Сураи Анбиё Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 66
قَالَ أَفَتَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَنْفَعُكُمْ شَيْئًا وَلَا يَضُرُّكُمْ ٦٦
Қола а-фа-таъбудуна мин дуниллаҳи ма ла янфаъукум шай-а-в ва ла яЗуррукум. 66.
66. Гуфт: «Оё ба ҷуз Худо чизеро, ки ба шумо ҳеҷ нафъе намерасонад ва шуморо зиёне намекунад, ибодат мекунед?
Иброҳим (а) бо лаҳни сарзаниш ба бутпарастон гуфт, ки оё шумо ҷуз Худованди қодиру тавоно ва беҳамто чизе (буте)-ро мепарастед, ки нотавон ва оҷиз аст? Ҳатто вай қодир нест худро ҳимоя кунад ва сухан гӯяд? Чунон оҷиз аст, ки агар вайро ибодат кунед, дар ивази ибодадатон ба шумо ҳеҷ суде ва агар вайро напарастед, ба шумо ҳеҷ зиёне расонида наметавонад. Иброҳим (а) дар идомаи сухани худ ба онҳо гуфт:
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «