Тафсири Сураи Анбиё Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 68
قَالُوا حَرِّقُوهُ وَانْصُرُوا آلِهَتَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ فَاعِلِينَ ٦٨
Қолу ҳарриқуҳу вансуру алиҳатакум ин кунтум фаъилӣн. 68.
68. Бо якдигар гуфтанд: «Агар коре кунанда ҳастед, ӯро бисӯзонед ва Худоёни худро нусрат диҳед!».
Бутпарастон дар машварат нишаста, ба ҳам гуфтанд, ки дар баҳсу мунозира бар Иброҳим (а) ғалаба ҳосил карда наметавонем. Акнун роҳи нишондодани зӯрии худ боқӣ мемонад. Чун дидед, ки «худоёни» мо ба ёрии ҳамдигар қодир нашуданд, мо бояд онҳоро ёрӣ деҳем ва ба душмани «худоёни» худ сахттарин ҷазоро омода кунем. Бо чунин андешаҳо ба хулосае омаданд, ки бояд Иброҳим (а)-ро бисӯзонанд ва «худоён»-и худро ёрӣ диҳанд.
Дар ривоятҳои таърихӣ омадааст, ки бо амри Намруд дар давоми як моҳ бутпарастон ҳезум ҷамъ карданд. Барои зиёд гардонидани ҳарорати оташ ба он равған мепошиданд. Сипас оташро афрӯхтанд ва то як ҳафта ба он медамиданд. Ҳарорати оташ чунон баланд шуд, ки аз болои он агар паррандае гузар мекард, болу параш месӯхт. Бутпарастон дар андеша шуданд, ки бо ин ҳол Иброҳим (а)-ро чӣ гуна ба оташ партоб кунанд. Марди саҳро (шайтон)-ӣ пайдо шуду маслиҳат дод, ки ӯ (а)-ро бо манҷаниқ (асбоби махсуси сангпартоӣ ба қалъаҳо) ба оташ партоб кунанд. Хулоса, ба дасту по ва гардани Иброҳим (а) завлона заданд ва ӯ (а)-ро ба манҷаниқ гузоштанд. Ривоят шуда аст, ки чун ӯ (а)-ро мебастанд гуфт: «Ло илоҳа илло анта субҳонака, лакал ҳамду ва лакал мулку ла шарика лака». Яъне «Нест илоҳе магар Ту, покӣ аз Туст, ситоиш мар Турост ва мулк аз они Туст, нест Туро ҳеҷ шарике».
Ҳангоме ки (мехостанд) ӯ (а)-ро ба оташ партоб кунанд гуфт: «Ҳасбияллоҳу ва неъмал вакил» “Аллоҳ маро кифоя кунандааст ва чи хуб аст аз рӯйи ваколат.”
Чун Иброҳим (а)-ро ба оташ партоб намуданд, давоми қиссаро аз ҳадиси шариф бишнавем. Бо ривояти Абӯҳурайра аз Расули Худо (с) дар ҳадиси шариф омада аст, ки фармуданд: “Чун Иброҳим (а) дар оташ афганда шуд, гуфт: «Аллоҳумма иннака фи-с-самаи ваҳидун ва ана фил-арзи ваҳидун абдук». «Бор Худоё!! Ту дар осмонҳо ягона ҳастӣ ва ман дар Замин ягона касе ҳастам, ки Туро мепарастам».
Чун тамоми фариштагон ҳолро диданд, якбора фарёд кашиданд, ки Парвардигоро, ин чӣ ҳоле аст, ки бо Халили Ту мегузарад? Ҳақ таъоло ба онҳо иҷозат дод, то ба кӯмаки ӯ (а) бишитобанд.
Чун Иброҳим (а) дар ҳаво аз манҷаниқ ба сӯйи оташ парвоз мекард, Ҷабраил (а) ба ӯ (а) гуфт: «Оё ҳоҷате дорӣ?» Иброҳим (а) ҷавоб дод: «Ниёз дорам, аммо на ба ту, балки ба Худо». Ҷабраил (а) гуфт: «Пас, аз Парвардигорат бихоҳ». Иброҳим (а) гуфт. «Илми Ӯ бар ҳоли ман аз дархост маро бениёз мегардонад». Мегӯянд Иброҳим (а) дар он ҳангом ҷавони 16 сола буд. Бубинед, чӣ соҳиби ақлу донише буд, чӣ имони мукаммале дошт, чӣ фидокорие ва чӣ ҷасорате ба харҷ дод, чӣ устуворие дар таблиғи амрҳои Худованд, ва чӣ сабру пуртоқатӣ дар муқобили азобу шиканҷаи душманони Худо ва дини Худо нишон дод! Худовандо! Моро ва ҷавонони моро низ соҳиби чунин имони яқин, иродаи қавӣ ва хислатҳои нек бигардон! Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «