Тафсири Сураи Анбиё Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 93
وَتَقَطَّعُوا أَمْرَهُمْ بَيْنَهُمْ ۖ كُلٌّ إِلَيْنَا رَاجِعُونَ ٩٣
Ва тақаттаъу амраҳум байнаҳум куллун илайна роҷиъун. 93.
93. Ва ин умматҳо дар кори худ дар миёни хеш мутафарриқ шуданд, ҳар яке ба сӯйи Мо руҷӯъкунандагонанд.
Вақто собит шуд, ки Парвардигори ҳамаи мардум як аст, ҳамаи пайғамбарон (а) ва ҳамаи китобҳои осмонӣ даъватгари дини яктопарастианд, ба мардум лозим буд, ки ҳама бо роҳи тавҳид (яктопарастӣ) мерафтанду муттаҳид мешуданд ва Худои яккаву ягонаро парастиш мекарданд. Аммо Худованд дар ин оят хабар додааст, ки мардум чунин накарданд, балки дар кори дин ихтилоф андохта ба фирқаҳо тақсим шуданд, то ба дараҷае, ки дин ба монанди қитъаҳо дар ҳар куҷо пароканда шуд. Баъзе муваҳҳид (яктопараст), баъзе яҳудӣ, баъзе насронӣ ва баъзе маҷусӣ (оташпараст) шуданд. Чун ҳангоми зинда гардонидан баъд аз миронидан (рӯзи қиёмат) ҳама назди Мо меоянд, ихтилофи онҳо ҳаллу фасл мешавад. Пас, онҳоро мувофиқи амалҳояшон подош ё ҷазо хоҳем дод. Барои маълумоти бештар ба ояти 48-уми сураи «Моида», ояти 99-уми сураи «Оли Имрон», ояти 164-уми сураи «Анъом», ояти 92-юми сураи «Наҳл» ва ояти 69-уми сураи «Ҳаҷ»… муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «