Тафсири Сураи Анфол Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анфол Ояти 16
وَمَنْ يُوَلِّهِمْ يَوْمَئِذٍ دُبُرَهُ إِلَّا مُتَحَرِّفًا لِقِتَالٍ أَوْ مُتَحَيِّزًا إِلَىٰ فِئَةٍ فَقَدْ بَاءَ بِغَضَبٍ مِنَ اللَّهِ وَمَأْوَاهُ جَهَنَّمُ ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ ١٦
Ва ма-й юваллиҳим явмаизин дубураҳу илла мутаҳаррифа-л ли қиталин ав мутаҳаййизан ила фиатин фақад баа биғаЗаби-м миналлоҳи ва маъваҳу Ҷаҳаннам. Ва биъса-л-масӣр. 16.
16. Ва ҳар касе он рӯз пушти худро ба сӯйи онҳо гардонад (магар руҷӯъкунон барои ҳадафи муҷаддад, ё ба сӯйи гурӯҳе паноҳ ҷӯяд) пас, ҳаройина, ба хашме аз Худо бозгашта аст ва ҷойи ӯ Ҷаҳаннам аст ва Ҷаҳаннам бад ҷой аст.
Аллоҳтаъоло дар ин оят бо истиснои баъзе ҳолатҳо муҷозоти дарднокеро барои шахсоне, ки аз майдони ҷиҳод пушт сӯйи душман карда, фирор мекунанд, баён кардааст. Яъне танҳо шахсоне ба хашми Худо гирифтору ба Ҷаҳаннам, (ки он ҷойи бад аст), ворид мешаванд, ки онҳо рӯзи ҷиҳод аз майдон қасдан фирор кунанд. Аммо дар сурати танҳо мондани як нафар ё чандин нафар, ки бо душман муқовамат карда наметавонад, ақибнишиӣ кунанд, ё ба дигар гурӯҳе аз ҷинси худ пайваст шаванд ё барои эҷод кардани ҳила ва найранги ҷангӣ ақибнишинӣ кунанду панноҳгоҳе ҷӯянд, то душман наздик шаваду ғофилгирона ба ӯ ҳамла кунанд, ё ӯро асир гиранд ё аз як сангар ба сангари дигар раванд, ин гуна шахсон зери ваъиди ояти мазкур дохил нестанд, зеро нияташон фирор аз майдони ҷанг нест. Агар тарафи росту чап ва маркази лашкари мусулмонон мавриди ҳамлаи ҳамаҷонибаи душман қарор гиранд ва гурӯҳе, ки дар хатти аввал бо душман дар набард аст, бинад, ки дигар ақибнишинӣ бефоида аст, бояд то марзи шаҳодат биразмаду қафо нагардад.
Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва Муслим аз Абӯҳурайра (р) чунин ривоят омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин гуфтанд: “Аз ҳафт чизи ҳалоккунанда бипарҳезед.” Гуфта шуд ё Расулаллоҳ (с), он ҳафт чизи ҳалоккунанда кадомҳоянд? Гуфтанд: “Ба Аллоҳ чизеро ширк овардан, сеҳр кардан, резонидани хуне, ки Аллоҳтаъоло резонидани онро ҳаром гардонидааст, магар бо роҳи ҳақ, рибо (просент)-хурӣ кардан, моли ятимро хӯрдан, рӯзи майдон пушт сӯйи душман намуда фирор кардан, занҳои покдомани муъминеро, ки аз ин гуна корҳо (зино) ғофиланд, туҳмат кардан.”
Сабаби ғалабаи мусалмононро дар ғазои Бадр ояти зер баён мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «