Сураи Анфол – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анфол – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи “Анфол” 75 оят буда, дар Мадина баъди ғазои Бадр нозил шудааст.

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Сураи “Анфол” чун сураҳои дар Мадина нозилшуда ҷанбаҳои шаръӣ, хусусан паҳлуҳоеро, ки ба ҷиҳоди дар роҳи ризои Аллоҳ вобастагӣ доранд, дар бар гирифтааст. Ҳамчунин дар ин сура ҳукми тақсими ғанимат, яъне асирон ва молҳое ки дар натиҷаи ғалабаи муъминон бар душманон ё сулҳ бо онҳо ба даст меоранд, баён гардидааст. Чуноне ки гуфта шуд, ин сураи карима баъд аз ғазои Бадр, ки аввалин ғазо дар таърихи Ислом ва барои сипоҳи Раҳмон ибтидои пирӯзӣ буд, нозил шудааст. Ҳатто баъзан ин сураро сураи “Бадр” низ ном мебаранд. Баъзе оятҳои сураи мазкур баёни онро мекунанд, ки шахси мусалмонро сазовор он аст, ки дар чунин ҳолатҳо аз худ шуҷоъату шаҳомат нишон дода, бо тамоми қуввае, ки дорад, дар муқобили ботил истодагарӣ кунад. Бо гуфти баъзе муаррихони исломӣ ғазои “Бадр” дар моҳи Рамазон, соли дувуми ҳиҷрат рух додааст. Ин аввалин рӯёрӯйии ҳаққу ботил буд, ки мусалмонон дар пайи нест кардани ситаму туғён ва барои раҳо сохтани занон, мардон ва кӯдакони оҷизу нотавон ба по хестанд. Мардон ва заноне, ки заъф ва нотавонӣ онҳоро дар Макка заминбӯс карда буд, ҳамеша назди Худо оҷизона илтимос мекарданд, ки онҳоро аз маҳалле, ки сокинонаш ситамгаранд, берун бибарад. Худои тавоно дуои ононро иҷобат намуд ва шароити чунин ғазоеро барои муъминон омода кард. Бо вуҷуде ки муъминҳо кам буданд, Худованд ба онҳо дар ғазои “Бадр” зафар дод. Ин пирузӣ сабаб шуд, ки шароит фароҳам шавад, то мустазъафон ба Мадина ҳиҷрат кунанд.

Аллоҳтаъоло дар сураи мазкур муъминонро бо нидои «Эй касоне, ки имон овардаед!» шаш маротиба нидо кардааст. Дар нидои аввал касонеро, ки аз маъракаи ҷиҳод фирор мекунанд, шадидан таҳти сарзаниши Худ қарор додааст. Дар нидои дувум онҳоро амр кардааст, ки ҳар он чи ки амри Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) аст, хуб шунаванд ва итоъат кунанд. Дар нидои севум баён кардааст, ки ҳар он чиро, ки Расулуллоҳ (с) онҳоро ба сӯйи он даъват мекунад, қабул кунанд. Зеро дар дунё ва охират иззату некбахтии онҳо дар қабули он даъват аст. Дар нидои чаҳорум онҳоро огоҳ кардааст, ки фош сохтани сирри муъминҳо бо душмани онҳо, ба Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) хиёнат ҳисобида шудааст. Дар нидои панҷум назари онҳоро ба сӯйи тақво ҷалб кунонида фармудааст, ки зербино ва бузургтарин самараи амалҳо ва асоси ҳамаи некиҳо вобаста ба тарс аз Худост. Тақво нурест раббонӣ. Худованд онро дар дили бандаи муъмин меандозад, шахси муъмин метавонад ба сабаби он роҳи ҳидоятро аз гумроҳӣ фарқ кунад. Аммо дар нидои шашум онҳоро даъват мекунад, ки тақозои имондорӣ ва тақвои шумо он аст, ки дар муқобили душманҳои худ дар ҳолати ҷиҳод бо сабру субот бошед.

Дар охири сураи карима баён гардидааст, ки ҳамаи мусалмонҳо (қатъи назар аз ҷинсият, забон ва макон) як миллатанд. Аз ин рӯ, бояд бо ҳам дӯст бошанд ва барои нусрати дин ҳама бо ҳам якҷо бошанд. Ин буд хулосаи он чи ки сураи мазкур фаро гирифтааст.

Худованд, ҳамаи моро аҳли фаҳму хирад гардонад. Омин!


Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аъроф Ояти 206 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анфол Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)