Сураи Аъроф Ояти 206 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Аъроф Ояти 206 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аъроф Ояти 206

إِنَّ الَّذِينَ عِنْدَ رَبِّكَ لَا يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِهِ وَيُسَبِّحُونَهُ وَلَهُ يَسْجُدُونَ ۩ ٢٠٦

Инна-л лазӣна ъинда Раббика ла ястакбируна ъан ъибадатиҳӣ ва юсаббиҳунаҳу ва лаҳу ясҷудун. 206.

206. Ҳаройина, касоне, ки назди Парвардигори туанд, аз ибодати Ӯ гарданкашӣ намекунанд ва Ӯро ба покӣ ёд мекунанд ва хос Ӯро саҷда мекунанд.

Сураи «Аъроф» бо ин оят ба охир расида, Аллоҳ таъоло дар он хабар додааст, ки танҳо шумо маъмур нашудаед, то бо ёди Худо машғул бошед, балки фариштагони муқарраби даргоҳи Илоҳӣ низ ҳеҷ гоҳ аз ибодати Ӯ таъоло такаббур намеварзанд. Ҳамвора, онҳо тасбеҳи Ӯро мегӯянд ва Зоти покашро аз он чизе, ки шоистаи мақоми Ӯ нест, муназзаҳ мешуморанду ситоиш мекунанд. Ӯро ба покӣ ёд мекунанд ва дар пешгоҳи Ӯ таъоло сари таъзим фуруд оварда, фақат барои Ӯ саҷда мекунанд. Яъне хос Ӯро бошарифтарин ибодат, ки саҷда аст, ибодат мекунанд. Барои шахсоне, ки ин оятро тиловат мекунанд ё мешунаванд, як саҷда воҷиб мешавад. Ин аввалин саҷдаест, ки дар сураҳои Қуръон ба чашм мерасад. Агар дар як маҷлис чанд маротиба хонад як саҷда ва агар маҷлиси худро тағйир диҳаду онро такрор кунад, мувофиқи он маҷлисҳо чандин карат саҷда лозим мешавад. Тариқи саҷдаи тиловат он аст, ки як маротиба такбир гуфта, ба саҷда меравад, ҳар чи дар саҷдаи намоз мегуфт, онро мегӯяд ва баъд такбир гуфта, сари худро аз саҷда мебардорад. Ҳар он чи дар намоз шарт буд, дар саҷдаи тиловат низ, шарт аст.

Поёни сураи «Аъроф». Валиллаҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аъроф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аъроф Ояти 205 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анфол – Тафсири Осонбаён (Қуръон)