Сураи Анкабуд Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анкабуд Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анкабуд Ояти 7

وَالَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ لَـنُكَفِّرَنَّ عَنۡهُمۡ سَيِّاٰتِهِمۡ وَلَـنَجۡزِيَنَّهُمۡ اَحۡسَنَ الَّذِىۡ كَانُوۡا يَعۡمَلُوۡنَ ٧

Ва-л-лазӣна аману ва ъамилу-с-салиҳати ла нукаффиранна ъанҳум саййиатиҳим ва ла наҷзияннаҳум аҳсана-л-лазӣ кану яъмалун. 7.

7. Ва ононе ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, албатта, хатоҳои онҳоро маҳв мекунем ва албатта, онҳоро ба накӯтарини аз он чӣ мекарданд, подош медиҳем.

Барои муъминҳое, ки ҳамеша дар имонашон собиту содиқ монданд ва амалҳои солеҳу шоистаро анҷом додаанд ва барои гузаштан аз имтиҳонҳое, ки дар ин роҳ бар сарашон омад, сабру ҷаҳду кӯшиш ба харҷ доданд, башорати Худованд чунин аст. Албатта, туфайли анҷоми корҳои шоистаашон гуноҳҳояшонро бо оби мағфирати Худ маҳв (нест) мекунем ва онҳоро дар ивази гуноҳҳояшон ба ҷазо намекашем. Оре! Худованд дар сураи «Ҳуд», ояти 114-ум гуфтааст: «Ҳасанот (амалҳои нек) саййиот (амалҳои бад)-ро дур мекунад». Дар идомаи оят Худованд башорати дигаре додааст, ки дар ивази амалҳои накӯяшон накӯтарин савоб ва олитарин мукофот ба онҳо медиҳем. Албатта, ваъдаи Худованд ҳаққасту мешуданӣ.

Барои маълумоти бештар ба ояти 160-ӯми сураи «Анъом» ва ба ояти 38-уми сураи «Нур» низ муроҷиъат шавад.

Агар ба муъмине хешу табори наздикаш амр ба кори гуноҳ кунад, дар чунин сурат чӣ бояд кард? Ояти зер посухи ин савол аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анкабуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анкабуд Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анкабуд Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)