Тафсири Сураи Анъом Ояти 120 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 120
وَذَرُوا ظَاهِرَ الْإِثْمِ وَبَاطِنَهُ ۚ إِنَّ الَّذِينَ يَكْسِبُونَ الْإِثْمَ سَيُجْزَوْنَ بِمَا كَانُوا يَقْتَرِفُونَ ١٢٠
Ва зару зоҳира-л-исми ва батинаҳ. Инна-л-лазӣна яксибуна-л-исма са юҷзавна би ма кану яқтарифун. 120.
120. Ва гуноҳро, чи пӯшида бошаду чи ошкоро, тарк кунед. Ҳаройина, касоне ки гуноҳро касб мекунанд, зуд аст, ки ба сабаби он чӣ (касб) мекарданд, ҷазо дода шаванд.
Худованд дар ин оят фармудааст, ки ай мардуме, ки худро бандаи Худо меҳисобед шумо, гуноҳҳои ошкор ва пинҳониро тарк кунед! Дар шарҳи ин ҷузъи оят Муҷоҳид гуфтааст, ки чи ошкоро ва чи пинҳонӣ гуноҳро тарк кунед! Қатода гуфтааст, ки хоҳ он гуноҳ кам бошаду хоҳ бисёр, дар зоҳиру ботин онро анҷом надиҳед! Садӣ гуфтааст, ки зоҳири оят ба тарки никоҳҳои ҳаром далолат мекунад. Сухани саҳеҳ он аст, ки ба таври умум маънои ояти мазкур ба ҳама он чи зикр шуд, дуруст меояд. Зеро Худованд ба мисдоқи (ба монанди) маънои ин оят дар сураи «Аъроф» ояти 33-юм низ гуфтааст: “Бигӯ ай Пайғамбар, ҷуз ин нест, ки Парвардигорам гуноҳони зишти ношоистаро, чи ошкор бошанду чи пинҳон, ҳаром гардонидааст.”
Дар ҷумлаи охири ояти мазкур омадааст, ки ба шахсоне, ки ошкоро ва ё пинҳонӣ гуноҳеро содир мекунанд, ба зудӣ Аллоҳтаъоло ҷазои он гуноҳро мечашонад. Зимни ояти мазкур Ибни Аби ҳотам аз Навос бинни Самъон ҳадисеро аз Расулуллоҳ (с) ба ин мазмун ривоят карданд, ки Навос гуфт: аз Расулуллоҳ (с) пурсидам ки гуноҳ чист? Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб гуфтанд: “Агар дар дил чизе пайдо шаваду нахоҳӣ, ки мардум аз он огоҳ шаванд, он гуноҳ аст.”
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «