Сураи Анъом Ояти 119 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 119 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 119

وَمَا لَكُمْ أَلَّا تَأْكُلُوا مِمَّا ذُكِرَ اسْمُ اللَّهِ عَلَيْهِ وَقَدْ فَصَّلَ لَكُمْ مَا حَرَّمَ عَلَيْكُمْ إِلَّا مَا اضْطُرِرْتُمْ إِلَيْهِ ۗ وَإِنَّ كَثِيرًا لَيُضِلُّونَ بِأَهْوَائِهِمْ بِغَيْرِ عِلْمٍ ۗ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِالْمُعْتَدِينَ ١١٩

Ва ма лакум алла таъкулу мим-ма зукирасмуллоҳи ъалайҳи ва қад фассала лакум-м ма ҳаррама ъалайкум илла маЗтуриртум илайҳ. Ва инна касӣра-л ла юЗиллуна би аҳваиҳим би ғайри ъилм. Инна Раббака Ҳува аъламу би-л муътадӣн. 119.

119. Ва чист шуморо аз он ҳайвоне, ки бар вай (ҳангоми забҳ) номи Худоро ёд карда шудааст, намехӯред? Ва ҳол он ки барои шумо он чизе, ки барои шумо ҳаром аст, ба тафсил баён кардааст, магар дар он сурате, ки ба сӯйи он музтар шудед. Ва ҳаройина, бисёре аз мардум бар хаёлоти худ бе дониш дигаронро гумроҳ мекунанд. Ҳаройина, Парвардигори ту ба таҷовузкунандагони аз ҳақ донотар аст.

Сабаби нузули оятҳои 119, 120 ва 121-умро Абӯдовуд ва Тирмизӣ аз Ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд, ки гурӯҳе аз мардум назди Расулуллоҳ (с) омада гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ (с) Оё аз ҳайвоне, ки худамон забҳ намудем, истеъмол кунем дуруст ва аз куштаи Аллоҳ (худмурда) хӯрем, ҳаром аст?” Ҳамоно буд, ки ояти мазкур то поёни ояти 121-ум, яъне “иннакум ламушрикун” нозил шуд ва дар он Аллоҳтаъоло фармуд, ки гӯшти ҳайвони худмурда манфур аст. Касоне, ки муъминанд, набояд онро ба гӯште, ки инсони мусалмон бо номи Аллоҳ забҳ намудааст, яксон шуморанд. Агарчанде дар ҳарду сурат, яъне дар ҳолати забҳ ва худмурӣ, руҳи (ҷон) ҳайвонро Аллоҳтаъоло қабз кунад ҳам, локин бо зикри номи Аллоҳ забҳ кардани ҳайвони ҳалол барои шахси муъмин қонуни шариъати илоҳӣ ва ҳалол аст.

Яъне Худованд фармудааст, ки чӣ чиз шуморо аз хӯрдани гӯшти ҳайвони ҳалоле, ки бо номи Аллоҳ ва бо дастони шумо забҳ шудааст, бозмедорад?! Ҳол он ки Худованд ончиро, ки барои шумо, ҳаром гардонидааст, (чуноне ки дар ояти 145-уми ҳамин сура ва дар ояти 1 то 5-уми Сураи “Моида” гузашт), ошкоро ва бо тафсил баён намудааст, ки орӣ аз ҳама гуна шакку шубҳа аст. Ба истеъмоли гӯшти ҳайвони худмурда танҳо дар ҳолати изтирорӣ (яъне, дар ҳолате, ки барои хӯрдан ҳеҷ чизе надорад ва агар аз ин гӯшт нахӯрад ҳалок шуданаш аниқ аст) ба миқдоре, ки сабаби аз марг наҷот ёфтан мегардад (на то серӣ), чуноне, ки дар ояти 173-юми сураи «Бақара» гузашт иҷозат ҳаст.

Хулоса, бисёре аз мардум, бо хоҳишу ҳавои нафс ва гумроҳӣ (монанди куффори Қурайш, чуноне ки зери ояти 103-юми Сураи “Моида” гузашт), ҳайвонҳоеро, (чун баҳира соиба ва ғайра, ки шарҳи онҳо дар оятҳои қаблӣ гузашт) бо тарзи ғайришаръӣ бар худ ҳаром гардонида мардумро ба ҳалол шуморидани ҳаром ва ҳаром шуморидани ҳалол гумроҳ гардониданд. Бе гумон аз он, ки Худованд аз тамоми ҳоли таҷовузгарон (бохабар) ва нисбат ба ҳама дурӯғбофон донотар аст. Дар ҳақиқат, ояти мазкур барои шахсоне, ки бе ягон далели шаръӣ аз ҳад таҷовуз мекунанду ҳалолеро ҳаром ва ҳаромеро ҳалол ҳукм мекунанд, ваъиди шадид аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 118 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 120 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)