Сураи Анъом Ояти 126 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 126 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 126

وَهَٰذَا صِرَاطُ رَبِّكَ مُسْتَقِيمًا ۗ قَدْ فَصَّلْنَا الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَذَّكَّرُونَ ١٢٦

Ва ҳаза сироту Раббика мустақӣма. Қад фассална-л-айати ли қавми-й-яззаккарун. 126.

126. Ва ин аст роҳи рости Парвардигори ту, батаҳқиқ, нишонаҳоро барои гурӯҳе, ки пандпазиранд, равшан сохтем.

Баъди зикри одати гумроҳон дар оятҳои гузашта, Аллоҳтаъоло дар ин оят фармуд, ки дар он роҳе, ки Пайғамбар (с) ва муъминон ҳамроҳи ӯ (с) равонанд ҳеҷ каҷие нест. Ҳамин аст роҳи рост ва ҳамин аст роҳи ризои Парвардигор ва роҳи дини мубини Ислом, ки онро Аллоҳтаъоло бо тафсил баён кардааст. Хирадманд он касест, ки тобеи ин роҳ мешавад, худро дар сафи некбахтон ва аз гурӯҳи авлиёуллоҳ (дӯстони Худо) қарор медиҳад ва


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 125 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 127 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)