Сураи Анъом Ояти 127 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 127 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 127

۞ لَهُمْ دَارُ السَّلَامِ عِنْدَ رَبِّهِمْ ۖ وَهُوَ وَلِيُّهُمْ بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ ١٢٧

۞ Лаҳум Дару-с-салами ъинда Раббиҳим ва Ҳува валийюҳум би ма кану яъмалун. 127.

127. Назди Парвардигорашон сарои саломатӣ барои онҳост ва ба сабаби он амалҳое, ки мекарданд, Худо мададгорашон аст.

Барои он гурӯҳе, ки имон оварданду тобеи роҳи ҳақ шуданд ва аз оятҳои бо тафсил баёнкардаи илоҳӣ нафъ бурдаву худро некбахт гардониданд, мукофот Дорус-Салом (Биҳишт) аст. Чун дохили он шаванд, ба меҳмонии Парвардигор мушарраф мешаванд ва аз ҳаргуна нохушӣ дар амон мемонанд. Зеро ин ҳама ба сабаби он амалҳои шоистае (неке) буд, ки дар дунё анҷом доданд ва мақсади олиашон он буд, ки Худованд дар дунёву охират валию (дӯст) тадбиркунандаи корҳо, тарбияткунандаву дар ҷамиъи корҳо мададгору осонкунанда ва дар тоату ибодат ёридиҳандаву нигаҳбони онҳо бошад.

Мақсаду хоҳиши шахсони муъмин дар ин оят баён шуд. Оятҳои баъдӣ аз аҳволи кофирон, инсу ҷин, шайтон ва ҳоли шахсоне, ки ба инҳо тобеъ шудаанд, ҳарф мезананд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 126 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 128 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)