Тафсири Сураи Анъом Ояти 128 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 128
وَيَوْمَ يَحْشُرُهُمْ جَمِيعًا يَا مَعْشَرَ الْجِنِّ قَدِ اسْتَكْثَرْتُمْ مِنَ الْإِنْسِ ۖ وَقَالَ أَوْلِيَاؤُهُمْ مِنَ الْإِنْسِ رَبَّنَا اسْتَمْتَعَ بَعْضُنَا بِبَعْضٍ وَبَلَغْنَا أَجَلَنَا الَّذِي أَجَّلْتَ لَنَا ۚ قَالَ النَّارُ مَثْوَاكُمْ خَالِدِينَ فِيهَا إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ ۗ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٌ ١٢٨
Ва явма яҳшуруҳум ҷамӣъа-й йа маъшара-л-ҷинни қадистаксартум-м мина-л-инс. Ва қола авлийауҳум-м мина-л-инси Раббанастамтаъа баъЗуна би баъЗи-в ва балағна аҷалана-л-лази аҷҷалта лана. Қола-н нару масвакум холидӣна фӣҳа илла ма шааллоҳ. Инна Раббака ҳакӣмун Ъалӣм. 128.
128. Ва рӯзе ки онҳоро ҳама як ҷо Худованд ҷамъ кунад, он гоҳ хоҳад фармуд: «Эй гурӯҳи ҷиниён, дарҳақиқат, аз одамиён тобеони худро бисёр гирифтед!» ва дӯстонашон аз одамиён хоҳанд гуфт: «Эй Парвардигори мо, баъзеи мо аз баъзе баҳраманд шуд ва расидем ба он миъоду ваъдаи худ,ки барои мо муайян карда будӣ». (Аллоҳ) гӯяд: «Оташ ҷойи шумост, дар он ҷовидон бошед, магар модоме ки (дар ҳаққи аҳли наҷот) Аллоҳ бихоҳад». Ҳаройина, Парвардигори ту соҳибҳикмату доност.
Аллоҳтаъоло дар ин оят ба яке аз саҳнаҳои қиёмат ишора намуда, фармудааст, ки рӯзи қиёмат чунин рӯзест, ки Аллоҳтаъоло ҳама махлуқоти худро, чи инс бошад ва чи ҷин, аз нав зинда гардонида, ҳамаро як ҷо дар маҳшаргоҳ ҷамъ месозад. Дар ин асно ба гурӯҳи шайтонҳои ҷинӣ хитоб карда, ҳақиқатро ба онҳо баён намуда, мегӯянд, ки ай шайтонҳои ҷинӣ, шумо мардумро дар иғво ва васвасаҳои худ андохта, гумроҳ намудеду аз онҳо пайравони бисёре барои худ пайдо кардед. Вақто ки инҳо мавриди бозпурсӣ қарор мегиранд, чуноне ки дар сураи “Ҷин” ишора шудааст, ҳақиқати кори онҳо кашф мешавад. Агарчи ин суоли Парвардигор ба шайтонҳои ҷинӣ равона бошад ҳам, ҷавоби онро инсонҳое медиҳанд, ки пайрави онҳо шуда буданд. Яъне дар посух дӯстон ва пайравони шайтонҳо, ки инсонҳо мушрику бутпарастонанд, узр пеш оварда, мегӯянд, ки Парвардигоро, мо дар дунё аз ҳамдигар, яъне шайтонҳо аз мо ва мо аз шайтонҳо ба ин тариқа баҳрабардорӣ намудем: онҳо дар назари мо корҳои гуноҳро зиннат доданд, нафси мо онҳоро хост, мо дар гуноҳҳо фурӯ рафтем, аз дунё баҳраманд шавем гуфта ба суханҳои аррофон, коҳинон, фолбинҳо, бахшиҳо, раммолон даромадему онҳоро тасдиқ намуда, аз гуфторашон хушҳол ҳам шудем, ба неъматҳои дунё даст ёфтем. Ҳоло бошад мо ҳақро эътироф мекунем, аз гузашта пушаймонем, бо ҳазорон ҳасрату надомат фаҳмидем, ки он чи ки мо дурӯғ меҳисобидем, ҳақ будааст ва афсӯс мехӯрем, ки пеш аз ислоҳи худ ба он миъоде, ки барои мо муқаррар намуда будӣ, расидем. Баъди ин моҷаро Аллоҳтаъоло ба онҳо мегӯяд, ки бошишгоҳу манзилгоҳи шумо ва дӯстони шумо, яъне шайтонҳои инсӣ ва ҷинӣ оташи Ҷаҳаннам аст ва дар он ҷовидон мемонанд.
Ӯ таъоло ҳама корҳои худро бо сифати олии доногии худ ҳаллу фасл мекунад.
Барои пурра сохтани маълумоти худ метавонед ба оятҳои 60-61-уми сураи “Ёсин” муроҷиат кунед. Он қисми оят, ки ба “илло” (магар) истисно шудаасту масъалаи ниҳоят муҳим аст ва барои дарки дурусти маънои он ба китобҳои муътабар ва тафсирҳои муфассал руҷӯъ шавад. Баъзе муфассирон гуфтаанд, ки бинобар маънои ояти 36-ӯми сураи «Аъроф» ва дигар оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои мутавотир шайтонҳои ҷинӣ ва пайравони онҳо аз инсонҳо агар бе тавба ва бе имон аз дунё рафта бошанд, абадӣ дар Дӯзах мемонанд. Ибни Аббос (р) дар шарҳи ояти мазкур ҷузъи охири онро далел оварда фармудааст, ки барои ҳеҷ кас сазовор нест, ки касеро муъмин ва ё кофир ҳукм карда, ба тариқи пешгӯйӣ ҷойгоҳи ӯро ба Ҷаннат ва ё ба Ҷаҳаннам муайян кунад. Яъне, мумкин муъмин дар давоми умр гуноҳе кунаду бе тавба вафот кунад ва кофир тавба кунаду муъмин шуда баъд вафот кунад. Ҳукми онҳо дар ихтиёри Аллоҳ аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «