Тафсири Сураи Анъом Ояти 129 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 129
وَكَذَٰلِكَ نُوَلِّي بَعْضَ الظَّالِمِينَ بَعْضًا بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ ١٢٩
Ва казалика нуваллӣ баъЗа-з-золимӣна баъЗан би ма кану яксибун. 129.
129. Ва ҳамчунин баъзе ситамгоронро бар баъзе ба сабаби он чӣ ки мекарданд, мусаллат мекунем.
Ояти мазкур барои золимоне, ки даст аз зулму ситам намебардоранд, таҳдиди шадид буда, дар он омадааст, ки агар онҳо зулмро тарк накунанд, ба золимтаре аз худ гирифтор мешаванд. Ҳатто дар қиёмат ҳам ҳамроҳи золимҳо мувофиқи амалашон якҷо ҷамъ хоҳанд шуд. Ибни Аббос (р) гуфтааст, ки ҳар вақто ки Аллоҳ аз қавме розӣ шавад, беҳтарини онҳо сарвари онҳо мешавад. Акси ин агар Худованд аз қавме норозӣ гардад, сарварони онҳо бадтарини онҳо мешаванд. Ба ҳар тақдир, чуноне ки дар ояти қаблӣ гузашт, болои золимҳо золимони дигаре пайдо хоҳанд шуд, ки мехоҳанд ё на, ба сабаби касбу кори золимонаашон таслими онҳо мегарданд ва зери зулми онҳо афтода ё ҳалок мешаванд ва ё ба хорӣ гирифтор мегарданд. Агар калимаи «нувалли» ба маънои дӯстӣ бошад, маънои оят, чуноне ки Қатода гуфтааст, чунин мешавад, ки инсонҳо мувофиқи ақида ва амалҳояшон бо дар кадом гӯшаву канори дунё, ки бошанд, бо ҳамдигар дӯстанд. Кофирон ҳам аз қадимулайём ҳамчунин бо ҳам як шуда, алайҳи Ислому мусалмонҳо фитнаву иғвоҳоро ба роҳ мемонанд. Агар як тоифаи онҳо гузарад, боз гурӯҳи дигаре аз онҳо пайдо шуда, кору барномаҳои пешиниёни худро идома медиҳанд.
Баъди дар миёна омадани ояти таҳдид, бори дигар бо ояти зер саҳнаҳои рӯзи қиёмат ёд мешаванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «