Сураи Анъом Ояти 131 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 131 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 131

ذَٰلِكَ أَنْ لَمْ يَكُنْ رَبُّكَ مُهْلِكَ الْقُرَىٰ بِظُلْمٍ وَأَهْلُهَا غَافِلُونَ ١٣١

Залика ал лам яку-р-Раббука муҳлика-л-қуро би зулми-в ва аҳлуҳа ғофилун.131.

131. Ин фиристодани пайғамбарон ба сабаби он аст, ки Парвардигори ту ободиҳоро барои зулми онҳо, дар ҳоле ки мардуми он деҳаҳо бехабар бошанд, ҳалок намекунад.

Мувофиқи мазмуни ояти мазкур, валлоҳу аълам, он гурӯҳи инс (инсонҳо) ва ҷин маъзуранд (узурдоранд) ва онҳо ба сабаби зулмашон (гуноҳашон) ҳалок гардонида намешаванд, ки аз омадани расул ва аз амру наҳйи илоҳӣ тамоман бехабар бошанд. Яъне таблиғи шариъат ба онҳо нарасида бошад. Агар даъвати пайғамбарон расида бошаду онҳо осӣ (гунаҳкор) шуда бошанд, ба ҳалокати дунё ва охират дучор шаванд, ин зулм нест. Бо ҳамин мақсад Аллоҳтаъоло пайғамбаронро фиристодааст. Ба ин мазмун дар Қуръони карим оятҳои бисёре омада. Аз он ҷумла, ояти 15-уми сураи “Исро” ва ояти 89-уми сураи “Мулк” ба мазмуни ояти мазкур созгор аст. Бо ибораи дигар, ҳазрати Парвардигор одат надорад, ки касеро бидуни огоҳ сохтан аз зулму гуноҳаш дар дунё ба ҳалокат расонад ё дар охират гирифтори азоб гардонад. Аз барои ҳамин пайғамбарон ва бимдиҳандагонро барои тамоми инсонҳо ва ҷин ба таври ошкоро фиристод, ки онҳоро панд диҳанд ва хабар кунанд, то ба ҳар кас мувофиқи амалҳои содиркардааш муомила шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 130 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 132 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)