Тафсири Сураи Анъом Ояти 130 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 130
يَا مَعْشَرَ الْجِنِّ وَالْإِنْسِ أَلَمْ يَأْتِكُمْ رُسُلٌ مِنْكُمْ يَقُصُّونَ عَلَيْكُمْ آيَاتِي وَيُنْذِرُونَكُمْ لِقَاءَ يَوْمِكُمْ هَٰذَا ۚ قَالُوا شَهِدْنَا عَلَىٰ أَنْفُسِنَا ۖ وَغَرَّتْهُمُ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا وَشَهِدُوا عَلَىٰ أَنْفُسِهِمْ أَنَّهُمْ كَانُوا كَافِرِينَ ١٣٠
Йа маъшара-л-ҷинни ва-л-инси алам яътикум русулу-м минкум яқуссуна ъалайкум айатӣ ва юнзирунакум лиқаа явмикум ҳаза. Қолу шаҳидна ъала анфусина. Ва ғарратҳуму-л-ҳайату-д-дунйа ва шаҳиду ъала анфусиҳим аннаҳум кану кафирӣн. 130.
130. Эй гурӯҳи ҷин ва инс, оё барои шумо расулон аз ҷинси шумо, ки бар шумо ҳукмҳои Моро мехонданд, наомаданд ва шуморо аз пешомади ин рӯз наметарсониданд? Гӯянд: «Бар гуноҳҳои худ иқрор кардем». Ва фиреб дод онҳоро ҳаёти дунё ва бо ин сухан бар худ шоҳидӣ диҳанд, ки онҳо кофир буданд.
Эҳтимол меравад, ки Аллоҳтаъоло барои ҷинҳо низ аз байни худашон расулон фиристода бошад, локин назди ҷумҳури олимони салаф (пешин) ва халаф (баъдӣ) бо далел овардани оятҳои фаровоне, мисли ояти 165-уми сураи “Нисо” ва ояти 26-уми сураи “Ҳадид” ва ғайра фикри саҳеҳ он аст, ки расулон фақат аз ҷинси инсон баргузида шудаанд. Чуноне ки дар оятҳои 29-32-юми сураи “Аҳқоф” омадааст, ҷинҳо аз расулон ваҳйи илоҳиро шунида, ба қавми худ расонидаанд, ки онҳоро назир (бимдиҳанда) мегӯянд. Ба ҳар тақдир, сиёқи ояти мазкур саволи тақрирӣ аст. Яъне дар он рӯзе, ки Аллоҳтаъоло махлуқотро маҳшур аз нав зинда мегардонад, ба дили ду тоифаи кофир (аз инс ва ҷин) кӯбида, бо нидо мегӯяд, ки эй гурӯҳи инс ва ҷин, оё барои шумо аз байни шумо расулони Мо наомаданд? Оятҳои моро барои шумо нахонданду шуморо аз бими рӯ ба рӯ шудан ба ин рӯзи ҷонгудоз ва азоби он хабар надоданд? Дар он рӯз инсу ҷине, ки аз ин дунё кофир рафтаанд, ғайр аз ба гуноҳи худ иқрор кардан чораи дигаре надошта мегӯянд, ки оре! Бар зарари худамон ҳам бошад, ба айби худ иқрор мекунем, ки аз тарафи Аллоҳтаъоло расулон фиристода шуд, онҳо китобҳои фиристодаи Аллоҳро ба мо хонданду фаҳмонданд, локин мо онҳоро дурӯғгӯ ҳисобидем. Яъне онҳо дар он рӯзи пурдаҳшат музтар монда, ба куфри худ эътироф мекунанд ва худро ноилоҷ таслими азоби хоркунанда мегардонанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «