Тафсири Сураи Анъом Ояти 132 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 132
وَلِكُلٍّ دَرَجَاتٌ مِمَّا عَمِلُوا ۚ وَمَا رَبُّكَ بِغَافِلٍ عَمَّا يَعْمَلُونَ ١٣٢
Ва ли куллин дараҷату-м мимма ъамилу. Ва ма Раббука би ғофилин ъамма яъмалун. 132.
132. Ва барои ҳар як табақа инсонҳо аз барои кирдорашон дараҷаҳост ва Парвардигори ту аз он чӣ мекунанд, бехабар нест.
Хоҳ муъмин аст, хоҳ кофир (хоҳ инс аст, хоҳ ҷин) хулоса, барои ҳар як табақаи онҳо, бинобар андозаи амалҳояшон дар охират дараҷаҳо ва мартабаҳои тафовутнок вуҷуд доранд. Ҳар чи бандагон анҷом медиҳанд, Худованд аз он ғофил нест. Бо ибораи дигар, барои ҳар банда, хоҳ итоъати Аллоҳро кунад ё осӣ шаваду накунад, мувофиқи амалҳояш подош ва ҷазо мавҷуд аст. Дар ҷумлаи охир Аллоҳтаъоло таҳдиду ваъид намудааст, ки огоҳ бошед ва донед, ки ҳар амалеро, ки шумо анҷом медиҳед, Парвардигори шумо фаромӯш намекунад, дар он саҳв намекунад ва аз он амалҳои шумо бехабар ҳам нест. Мувофиқи амалҳоятон дараҷаҳои шумо дар охират, чи дар азоб бошад ва чи дар роҳат, гуногун мешавад. Аллоҳи бениёз аз тоъату ибодати банда ё куфри ӯ на зиён мебинад ва на фоида..
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «