Сураи Анъом Ояти 135 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 135 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 135

قُلْ يَا قَوْمِ اعْمَلُوا عَلَىٰ مَكَانَتِكُمْ إِنِّي عَامِلٌ ۖ فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ مَنْ تَكُونُ لَهُ عَاقِبَةُ الدَّارِ ۗ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الظَّالِمُونَ ١٣٥

Қул йа қавмиъмалу ъала маканатикум иннӣ ъамил. Фа савфа таъламуна ман такуну лаҳу ъақибату-д-дар. Иннаҳу ла юфлиҳу-з-золимун. 135.

135. Бигӯ: «Эй қавми ман, амал кунед бар ҳоли худ, ҳаройина, ман низ амалкунандаам. Пас, зуд аст, ки хоҳед донист некӯии писандидаи охират аз они кист?». Ҳаройина, золимон растагор намешаванд.

Аллоҳтаъоло дар ин оят аҳли куфр, ба хосса мушрикони ҳамасри Расулуллоҳ (с)-ро мавриди таҳдиди шадид қарор дода, таъкидан ваъид (ваъдаи азоб) намуда, ба Пайғамбари худ супориш медиҳад, ки ба қавми худ бигӯ, ки ай қавми ман, бо он зиддият ва муқовимате, ки бо ман доред, агар чунин мепиндоред, ки аз зумраи ҳидоятёфтагонед хато кардаед, балки куфри шумо авҷ ёфтаву зиёда гаштааст. Хоҳед онро идома диҳед, ҳар чи мекунед, ихтиёр доред, ин кори шумост. Аммо ман аз он чи Аллоҳ бароям амр кардааст, даст намекашам, ба он амал мекунам ва онро идома медиҳам. Вале сухани ман барои шумо ин аст, ки ба зудии зуд хоҳед донист, ки некӯйи охират, Ҷаннати писандида аз они шумост ё аз они ман? Одатан ҳар кас дар ин дунё сухану кори худро дурусту саҳеҳ мешуморад, вале фаромӯш набояд кард, ки ҳамаи ин рӯзи қиёмат маълум хоҳад шуд, он вақт муайян хоҳад шуд, ки фоидаҳои охират аз они кист. Аммо инро бояд дарк кард, ки ҳар касе золим аст, бинобар таъкиде, ки дар охири ин оят омадааст, дар он рӯз наҷот нахоҳад ёфт. Чунин мазмун, иншоаллоҳ, дар ояти 121-уми сураи “Ҳуд” низ эзоҳи бештаре хоҳад ёфт.

Ибни Касир ва боз баъзе аз муфасирин зимни шарҳи ҷузъи ояти мазкур мафҳуми дунёро низ ба он ҳамроҳ намуда гуфтаанд, ки Аллоҳтаъоло он чи ба Расули Худ (с) ваъда намуда буд, ба ӯ (с) ато фармуд. Яъне куффори Макка якҷоя бо сарварони золими худ диданд, ки ин шаҳр (Макка) аз сӯйи ӯ (с) ва муъминон фатҳ шуда, ӯ (с) бар онҳое, ки дурӯғгӯяш меҳисобиданд, пирӯз омад. Ӯ (с) амри Худовандро дар тамоми ҷазираи араб ҷорӣ кард. Баъди вафоти Расули Худо (с), чунон ки дар ояти 105-уми сураи “Анбиё” ва оятҳои 13-14-уми сураи “Иброҳим” ба ӯ ваъда дода шуда буд, шаҳрҳо ва манотиқи дигар дар замони хулафои рошидин (р) фатҳ шуданд. Ва лиллоҳил ҳамду вал миннаҳ.

Оятҳои зер баъзе аз амалҳои золимонро баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 134 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 136 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)