Тафсири Сураи Анъом Ояти 136 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 136
وَجَعَلُوا لِلَّهِ مِمَّا ذَرَأَ مِنَ الْحَرْثِ وَالْأَنْعَامِ نَصِيبًا فَقَالُوا هَٰذَا لِلَّهِ بِزَعْمِهِمْ وَهَٰذَا لِشُرَكَائِنَا ۖ فَمَا كَانَ لِشُرَكَائِهِمْ فَلَا يَصِلُ إِلَى اللَّهِ ۖ وَمَا كَانَ لِلَّهِ فَهُوَ يَصِلُ إِلَىٰ شُرَكَائِهِمْ ۗ سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ ١٣٦
Ва ҷаъалу лиллаҳи мим ма зараа мина-л-ҳарси ва-л-анъами насӣбан фа қолу ҳаза лиллаҳи бизаъмиҳим ва ҳаза ли шуракаина. Фа ма кана ли шуракаиҳим фа ла ясилу илаллоҳ. Ва ма кана лиллаҳи фа ҳува ясилу ила шуракаиҳим. Саа ма яҳкумун. 136.
136. Ва барои Аллоҳ аз он чизе, ки Худованд пайдо кардааст, аз зироатҳо ва аз чаҳорпоён ҳиссаеро муқаррар гардониданд, пас, ба гумони худ гуфтанд: «Ин (ҳисса) барои Аллоҳ аст ва ин барои бутони мост». Пас, он ҳиссае, ки барои шарикони онҳост, ба Аллоҳ намерасид ва он чӣ барои Аллоҳ аст, ба бутони онҳо мерасид. Бад аст он чӣ доварӣ мекунанд.
Аллоҳтаъоло бо ин ва дигар оятҳои Қуръонӣ гумроҳиву ақидаи ботили он нафаронеро мазаммат менамояд, ки бо нишондоди шариати Исломӣ рост намеояд. Яъне Худованд эълом медорад, ки мушрикон дар замони ҷоҳилият ҳукмҳои бисёреро бо гумону тахмини худ эҷод кардаву бидъатҳоеро ба роҳ мондаанд, ки ба ҳеҷ ҳудуди илоҳӣ мувофиқат намекарданд. Аз ҷумла, яке аз ҳукмҳои эҷодкардаи арабҳо ин буд, ки аз зироат ва чаҳорпоёни худ барои Аллоҳ ва бутҳои худ ҳиссае ҷудо мекарданд. Масалан, ҳиссаеро, ки аз зироат ва меваҷот барои Аллоҳ гуфта ҷудо мекарданд, барои мискинҳо, меҳмонҳо ва дар дигар корҳо сарф мекарданд. Агар рафту ҳиссаи барои бутҳо муайяншуда барои хизмати бутҳояшон намерасид, аз ҳиссаи барои Аллоҳ ҷудошуда гирифта ба бутҳояшон сарф мекарданд ва баҳона пеш меоварданд, ки Худованд аз ин гуна масрафҳо бениёз аст. Аммо рафту аз ҳиссаи бутҳо чизе ба ҳиссаи Аллоҳ омехта мешуд, онро ҷудо карда, аз бутҳо тарсида мегуфтанд, ки бутҳо ба ҳиссаи худ ниёз доранд.
Хулоса, дину ақидаи онҳо олудаи ширк буд. Худованд чунин амали онҳоро баҳо дода, мегӯяд, ки ин чӣ беинсофӣ ва чӣ кори бадест, ки чунин ҳукм мебароранд? Яъне бо пиндори ғалати хеш иззату эҳтироми худоҳои сохтаву ботилро аз иззату эҳтироми Худои субҳон, ки холиқи тамоми ашё ва махлуқот аст, боло меҳисобиданд?
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «