Сураи Анъом Ояти 134 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 134 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 134

إِنَّ مَا تُوعَدُونَ لَآتٍ ۖ وَمَا أَنْتُمْ بِمُعْجِزِينَ ١٣٤

Инна ма туъадуна ла ат. Ва ма антум би муъҷизӣн. 134.

134. Ҳаройина, ҳар он чӣ ки ваъда карда шудаед, албатта, омаданист ва шуморо роҳи гурез нест ва шумо (Худоро) оҷизкунанда нестед!

Ояти мазкур ба ақидаи мушрикон ва амсоли онҳо, ки мегӯянд ҳар кас мурд, дар ҳақиқат нест шуд ё мегӯянд фалонӣ мурду халос ёфт, хати бутлон мекашад. Аллоҳтаъоло бо ин оят бандагони худро панд медиҳад ва дар он хабар медиҳад, ки эй мушрикон, он чи ба шумо аз қабили омадани қиёмат, ҳисобу китоб, ҷазо ё мукофот ваъда дода шуд, албатта, он ҳақ асту ногузир омаданист.

Ба ҳеҷ сурат Худованд ваъдаи худро хилоф намекунад. Агар ҷасади шумо ба хоки Замин яксон шуда бошад ҳам, рӯзи растохез аз нав зинда карда мешавед ва натиҷаи амалҳои хешро хоҳед дид.

Дар давоми оят Аллоҳтаъоло ҳушдор додааст, ки дар он рӯз шумо моро оҷизу нотавон гардонида наметавонед. Оре! Он рӯз тамоми роҳҳои наҷот барои мушрикон баста мешавад ва дигар ҷойи гурез надоранд. Мубталои азобҳои ваъдашуда хоҳанд шуд.

Ибни Аби Ҳотам зимни тафсири ояти мазкур аз Аби Саъиди Худрӣ (р) ҳадисеро ривоят кардааст, ки тарҷумааш чунин аст: “Ай фарзандони Одам, агар шумо аҳли хираду андеша ҳастеду хешро аз шумори фавтидагон ҳисоб кунед, савганд ба он Зоте, ки ҷони ман дар яди Ӯст, он чи ба шумо ваъда дода шуда аст, ногузир ба вуқӯъ хоҳад омад ва онгоҳ шумо ба ҳеҷ ҷой фирор карда наметавонед.”


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 133 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 135 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)