Сураи Анъом Ояти 137 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 137 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 137

وَكَذَٰلِكَ زَيَّنَ لِكَثِيرٍ مِنَ الْمُشْرِكِينَ قَتْلَ أَوْلَادِهِمْ شُرَكَاؤُهُمْ لِيُرْدُوهُمْ وَلِيَلْبِسُوا عَلَيْهِمْ دِينَهُمْ ۖ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ مَا فَعَلُوهُ ۖ فَذَرْهُمْ وَمَا يَفْتَرُونَ ١٣٧

Ва казалика зайяна ли касӣри-м мина-л-мушрикӣна қатла авладиҳим шуракауҳум ли юрдуҳум ва ли ялбису ъалайҳим дӣнаҳум ва лав шааллоҳу ма фаъалуҳ. Фа зарҳум ва ма яфтарун. 137.

137. Ва ҳамчунин, шайтонҳо дар назари бисёре аз мушрикҳо қатли авлодашонро ороста карданд, то ин ки онҳоро (зинда) ҳалок кунанд ва то бар онҳо динашонро омехтаи ширк кунанд. Ва агар Аллоҳ мехост, ин амалро намекарданд, пас, бигузор онҳоро бо он суханҳои дуруғбофтаашон.

Чуноне ки дар ояти 57-уми сураи “Наҳл” ва дар ояти 8-уми сураи “Таквир” мегузарад ва инчунин дар ояти қаблӣ ҳам гузашт, мушрикҳо аз моли худ ҳиссаи алоҳидаеро барои Аллоҳ ва ҳиссаи дигареро барои бутҳои худ назр мекарданд. Дар ояти мавриди назар Аллоҳтаъоло ихтирои дигари онҳоро баён карда мефармояд, ки аксари аҳли ҷаҳолат чунон ба макри шайтонҳо дода шуда буданд, ки ҳар чиро онҳо (шайтонҳо) дар назарашон ҷилвагар намудаву зиннат медоданд, қабул кардаву иҷро менамуданд. Ҳатто кор то ба ҷое расида буд, ки агар соҳиби фарзанди духтар мешуданд, аз ин ор мекарданд ва ё духтардориро сабаби сар задании камбағалӣ дониста, ба ҳар восита ӯро нест мекарданд. Ҳолатҳое ҳам буд, ки савганд ёд карда мегуфтанд, ки агар фалон адад писардор шаванд, яке аз писаронро назри бутҳо намуда, қурбонӣ мекунанд ва ҳоказо. Шаётин (шайтонҳо) дину шариатеро, ки аз ҳазрати Исмоил (а) ба онҳо мерос монда буд, бо қонунҳои худсохти ғайри шаръӣ чунон омехта карда буданд, ки умури шаръии онҳо аз кори ғайришаръияшон чандон фарқ намекард. Бо истифода аз васоили мухталиф шаётин онҳоро аз дини бобоияшон берун оварда буданд. Аммо ин ҳама ҳикмате буд аз ҳикматҳои илоҳӣ. Агар Ӯ таъоло мехост, чунин намекарданд. Ин ҳама аз ирода ва машияти (хости) илоҳӣ буд. Мо ҳақ надорем, ки аз Аллоҳтаъоло пурсем, ки чаро онҳо гирифтори фиреби шайтонҳо шуданд.

Дар охир Аллоҳтаъоло ба Расулуллоҳ (с) амр медиҳад, ки ин мушрикҳоро ба ҳоли худ гузор, аз онҳо ва кори онҳо дурӣ биҷӯй, амали онҳо ва суханбофии бардурӯғи онҳо барои ту зиёне надорад, ба зудӣ миёни ту ва онҳо ҳукми қотеъона ба тасвиб хоҳад расид.

Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 136 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 138 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)