Тафсири Сураи Анъом Ояти 138 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 138
وَقَالُوا هَٰذِهِ أَنْعَامٌ وَحَرْثٌ حِجْرٌ لَا يَطْعَمُهَا إِلَّا مَنْ نَشَاءُ بِزَعْمِهِمْ وَأَنْعَامٌ حُرِّمَتْ ظُهُورُهَا وَأَنْعَامٌ لَا يَذْكُرُونَ اسْمَ اللَّهِ عَلَيْهَا افْتِرَاءً عَلَيْهِ ۚ سَيَجْزِيهِمْ بِمَا كَانُوا يَفْتَرُونَ ١٣٨
Ва қолу ҳазиҳи анъаму-в ва ҳарсун ҳиҷру-л ла ятъамуҳа илла ман-н-нашау би заъмиҳим ва анъамун ҳурримат зуҳуруҳа ва анъаму-л ла язкурунасмаллоҳи ъалайҳафтираан ъалайҳ. Са яҷзӣҳим би ма кану яфтарун. 138.
138. Ва ба гумони худ гуфтанд: «Ин чаҳорпоён ва ин зироат барои ҳама манъ аст, онро ҳеҷ кас нахӯрад, магар он касе ки мо бихоҳем. Мувофиқи гумони онҳо чаҳорпоёне ки бар пушти онҳо савор шуданро ҳаром гардонида шуд дигаранд, ва чаҳорпоёне ки дар вақти забҳ бар онҳо номи Худоро ёд намекунанд дигаранд: ба сабаби он, ки бар Худо дурӯғ бастанд, зуд аст, ки онҳоро ҷазо хоҳад дод.
Аллоҳтаъоло бори дигар дар ин оят якчанд кори қабеҳи мардуми замони ҷоҳилиятро, ки бидуни далелу ҳуҷҷати шаръӣ барои худ ихтироъ карда буданд, мазаммат намуда, фармуда аст, ки аҳли ҷоҳилият бо гумону сохтакориҳои худ қонуни дигареро роиҷ карданду раво донистанд. Масалан, агар чаҳорпо ва ё зироатеро барои бутҳояшон ихтисос медоданд, мегуфтанд, ки ин чаҳорпову ин зироати барои бутҳо хосгардонидашударо ба ҷуз хизматгорҳои буту бутхонаҳо каси дигаре ҳақ надорад истеъмол кунад, зеро инҳо барои дигарон ҳароманд ва ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад онҳоро мавриди истифодаи хеш қарор диҳад.
Ихтирои дигари мушрикон ин буд, ки тавре дар ояти 103-юми сураи “Моида” вобаста ба чаҳорпоёне чун «баҳира», «соиба» ва ғайра гузашт, болои онҳо савор шудану бо онҳо боркашонӣ карданро ҳаром ҳукм мекарданд. Ҳатто барои ҳаҷ рафтан ҳам болои онҳо савор намешуданд. Ихтирои дигаре ба ин сурат доштанд, ки чун ҳайвонҳоеро назри бутҳояшон мекарданд, дигар на ба онҳо савор мешуданд ва на онҳоро медӯшиданд. Агар онҳоро забҳ карданӣ мешуданд, дар вақти забҳ номи Аллоҳро ба забон наоварда, балки бо зикри номи бутҳои худ онро мекуштанд, ки ин билкул хилофи қонунҳои шаръии пешина ва баъдина буд. Агарчи ин қонунҳо сохтаву бофтаи худи онҳо буд, вале онро дар чаҳорчӯбаи қонуни Аллоҳ дониста, ба Аллоҳ дурӯғу буҳтон мебастанд. Аз ин сабаб дар ивази ин дурӯғу тӯҳмату бӯҳтонҳояшон ба зудии зуд ҷазои мувофиқу сазовор хоҳанд гирифт.
Ояти зер баёни фасодкории мушрикҳоро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «