Тафсири Сураи Анъом Ояти 139 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 139
وَقَالُوا مَا فِي بُطُونِ هَٰذِهِ الْأَنْعَامِ خَالِصَةٌ لِذُكُورِنَا وَمُحَرَّمٌ عَلَىٰ أَزْوَاجِنَا ۖ وَإِنْ يَكُنْ مَيْتَةً فَهُمْ فِيهِ شُرَكَاءُ ۚ سَيَجْزِيهِمْ وَصْفَهُمْ ۚ إِنَّهُ حَكِيمٌ عَلِيمٌ ١٣٩
Ва қолу ма фӣ бутуни ҳазиҳи-л-анъами холисату-л ли зукурина ва муҳаррамун ъала азваҷина. Ва ий якум майтатан фа ҳум фӣҳи шуракаъ. Са яҷзӣҳим васфаҳум. Иннаҳу ҳакӣмун Ъалӣм. 139.
139. Ва гуфтанд: «Он чӣ ки дар шиками ин чаҳорпоён ҳаст, хос барои мардони мост ва барои занҳои мо ҳаром аст». Ва агар мурда бошад, пас, ҳама дар хӯрдани он шариканд. Зуд аст, ки (Худо) онҳоро ба ин гуна сифаткунияшон ҷазо хоҳад дод. Ҳаройина, Ӯ таъоло соҳиби ҳикмат ва (бисёр) доност.
Аллоҳтаъоло бори дигар бо таҳдиду ваъиди шадид аз сифати аҳли ҷоҳилият ва ашхоси ба онҳо монанд, ки бе ягон асосу далел ҳалолро ҳарому ҳаромро ҳалол шуморида, тибқи хоҳишоти ботили худ шариате сохтаанд, дар ин оят хабар дода, фармудааст, ки аҳли ҷоҳилият худсарона нисбати чаҳорпоёне, ки сифаташон дар ояҳои қаблӣ ва ҳамчунин ояти 103-юми сураи “Моида” гузашт (шояд чаҳорпоёни ба бутҳо назркардаашон, «боҳира» ва «собиа» дар назар бошад), ҳукм бароварда, гуфтанд, ки шир ва насли ин чаҳорпоён барои мардони мо ҳалол ва барои занҳоямон ҳаром аст. Агар онҳо навзоди нар ба дунё меоварданд ва ё ин ки дар ҳолати забҳ аз ботини онҳо насли нар меёфтанд, онро забҳ карда, аз гӯшташ фақат мардҳо тановул мекарданд. Агар насли мода таваллуд мешуд, онро забҳ накарда, раҳо мекарданд. Рафту наслро дар батн мурда медиданд, онро забҳшуда ҳисобида марду зан дар якҷоягӣ аз гӯшти он истеъмол мекарданд, ҳол он ки Аллоҳтаъоло онҳоро аз чунин амалҳо манъ карда буд.
Дар давоми оят Ӯ таъоло фармудааст, ки дур нест, ки ин тоифаи худсарона ҳукмбарор, тафриқаандозу ҳақношинос ва ба Худо дурӯғбанд дар он рӯз (яъне, Қиёмат) ҷазои мувофиқ хоҳанд дид. Зеро Аллоҳтаъоло дар афъолу аҳвол ва шариати хеш бисёр ҳаким аст, ҳама чиз тибқи муқаррарот ва ҳикмати Ӯ ҷорӣ мешавад. Ӯ таъоло аз ҳама аъмоли хайру шарри бандагони Худ бо тамоми ҷузъиёташ бохабар аст. Ӯ беҳтарин донандаи аҳволи бандагони Хеш аст ва шариъати ихтироии мушриконро намеписандад.
Хулоса, оқибати кори шахсоне, ки мувофиқи ҳукму шариати Парвардигор амал намекунанду бе ягон санад аз худ қонуну ҳукмҳои гуногуни бебунёду беэътимод бофтанд, мехоҳанд ё не, оқибати корашон вой буда, ба ҳалокати ҷонгудоз дучор мешаванд. Зеро Ӯ таъоло аз ҳоли онҳо бохабар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «