Сураи Анъом Ояти 140 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 140 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 140

قَدْ خَسِرَ الَّذِينَ قَتَلُوا أَوْلَادَهُمْ سَفَهًا بِغَيْرِ عِلْمٍ وَحَرَّمُوا مَا رَزَقَهُمُ اللَّهُ افْتِرَاءً عَلَى اللَّهِ ۚ قَدْ ضَلُّوا وَمَا كَانُوا مُهْتَدِينَ ١٤٠

Қад хасира-л-лазӣна қаталу авладаҳум сафаҳан би ғайри ъилми-в ва ҳарраму ма разақаҳумуллоҳу ифтираан ъалаллоҳ. Қад Заллу ва ма кану муҳтадӣн.140.

140. Батаҳқиқ, касоне ки авлоди худро ба нодонӣ (ба ғайри дониш) қатл карданд ва он чӣ Аллоҳ онҳоро рӯзӣ дод, аз ҷиҳати бар Аллоҳ бӯҳтон бофтан ҳаром гардониданд, зиёнкор шуданд. Ҳаройина, онҳо гумроҳ шуданд ва роҳи ростро наёфтанд.

Сабаби нузули ояти мазкурро соҳиби “Сафватут-тафосир” аз Замхашрӣ соҳиби тафсири “Кашшоф” чунин ривоят кардааст, ки ин оят дар шаъни Рабиъа, Музар ва арабҳое, ки духтарбачаҳои худро аз рӯйи ор ё аз рӯйи хавфи таҳдиди омадани фақр зинда дар гӯр мекарданд, нозил шуда аст.

Ҳофиз Абӯбакр бинни Мурдавия зимни тафсири ин оят аз Ибни Аббос (р) чунин гуфтааст: Агар шахсе дӯст дорад, ки аз ҷаҳолати арабҳо огоҳ шавад, оятҳои баъд аз 130-уми сураи “Анъом”-ро то ин оят (яъне то ояти 140-ум) мутолиа кунад.

Имоми Қуртубӣ дар тафсири худ чунин ҳикоятеро овардааст: Марде аз саҳобагон назди Расулуллоҳ (с) ҳамеша ғамнок менишаст. Рӯзе Расулуллоҳ (с) ба ӯ гуфт: “Барои чӣ шумо маҳзунед?” Мард гуфт: Ё Расулаллоҳ, ман дар даврони ҷоҳилият гуноҳе кардаам. Ҳоло ҳарчанд Ислом оварда бошам ҳам, тарс дорам, ки Аллоҳ маро намебахшад. Расулуллоҳ (с) ба вай гуфт: “Хабар деҳ маро аз гуноҳи худ!” Он мард гуфт: Ё Расулуллоҳ (с), ман аз зумраи он нафарҳое ҳастам, ки дар вақти ҷоҳилият духтарони худро мекуштанд ва ё зинда ба зинда дар гӯр мекарданд.

Рӯзе ҳамсарам аз ман фарзанди духтар ба дунё овард, ман хостам ӯро дарҳол зинда дар гӯр кунам, аммо завҷаам маро аз раъйам гардонд ва шафеи он кӯдак шуд. Бо ҳамин он духтар аз куштан эмин монд. Бо гузашти айём ба воя расиду зани соҳибҷамоле шуду барояш хостгорҳо омаданд. Ман ба шавҳар додани ӯро барои худ ор донистам. Рӯзе ба ҳамсарам гуфтам, ки қасди зиёрати хешон дорам ва мехоҳам духтарам маро дар ин сафар ҳамроҳӣ кунад, бинобар ин барои рафтан вайро омода соз. Модари ӯ аз шунидани ин ҳарфҳо хушҳол гашт, пас ӯро сарулибос пӯшонид ва бо зару зевару ҷавоҳирот зиннат доду аз ман ваъдаҳо гирифт, ки ба ӯ хиёнат накунам, яъне қасди куштанаш нанамоям. Ҳангоми сафар аз назди чоҳе гузар доштем. Ман ба чоҳ назари маънидор кардам. Духтарчаам мақсаду маром ва иродаи маро дарк кард. Пай бурд, ки қасди ҳалоки вайро дорам. Сиришк аз дидаҳо рехт. Ба ман нигоҳ кард. Ҳузну андуҳ аз чашмони ӯ хонда мешуд. Нигоҳи имдодҷӯёна дошт. Дар ибтидо дилам барояш сӯхту раҳмам омад. Вале қасди куштани ӯ аз нав маро доман гирифт. Ҳар лаҳза он зиёдтар мегашт. Шайтон бар ман пирӯз омад. Тадриҷан, меҳру муҳаббат, раҳму шафқат он лаҳза аз ман рахт баст. Ҷойи онҳоро бераҳмию бенисофӣ ва бешафқатӣ ғасб кард. Дигар ман падари ғамхор набудам. Он вақт маро дар сина на дил, балки санг буд. Духтарамро бо дастони худ гирифта, сарозер ба он чоҳ афкандам ва то овозаш қатъ наёфт, аз сари он чоҳ дур нарафтам…

Расулуллоҳ (с) ва ҷамъи асҳоб, ки он ҷо ҳузур доштанд, аз шунидани ин қиссаи талх оби дида рехтанд. Расулуллоҳ (с) баъд аз каме сукут бо оҳанги таҳдид, ки дар он ҳузну андӯҳ низ дида мешуд, ба он мард гуфт: “Агар маро амр мешуд, ки касеро ба сабаби гуноҳҳои замони ҷоҳилияташ азоб кунам, албатта, туро азоб мекардам!” (аз “Маҳосинут – таъвил лил қосими”, ҷилди 6, саҳ. 2505).

Хонандаи азиз бармегардем ба шарҳу эзоҳи ояти мазкур (140-ум). Аллоҳ таъоло дар ин оят хабар додааст, ки он афроде, ки сифати онҳо дар даҳ (10) ояти қаблӣ гузашт, онҳо аз илму дониш кор нагирифта, шариъатро (қонуни илоҳиро) нашинохтаанд. Ба Аллоҳ савганд, ки ин бефаҳмҳо ба сабаби аъмоли шарри (бад) худ ҳам дар дунё ва ҳам дар охират зиёнкор шуданд. Яъне ҳама онҳое, ки духтарони худро ба қатл расониданд ва ё бар асари ҷаҳлу нодонӣ зинда дар гӯр карданд, он чиро, ки Худованд барои онҳо аз чаҳорпоён ризқу рӯзӣ дода буд, ҳамаро назди бутҳо забҳ карданд ё бе ягон дастури илоҳӣ онҳоро барои худ ҳаром хонданду бар Аллоҳ туҳматҳо бастанд, дар дунёву охират аз зумраи зиёнкорон ҳисобида шуданд. Зиёни онҳо дар дунё аз и


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

н иборат аст, ки аз фарзандон ва чаҳорпоён маҳрум монданд ва дар охират бошад, ба сабаби ба Аллоҳ дурӯғу буҳтон бастанашон ба бадтарин ҳол гирифтор хоҳанд шуд.

Мазмуни ояти 116-уми сураи “Наҳл” низ ҳамин маъниро таъкид мекунад. Ҷумлаи охири ояти мазкур баҳои арзандаи ин тоифаро эълом дошта, фармудааст, ки дар ҳақиқат, онҳо гумроҳшудагонанд ва ҳаргиз дар роҳи рост ҳидоят наёфтанд ва ҳоло ҳам дар ин ҳол қарор доранд.

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 139 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 141 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)