Тафсири Сураи Анъом Ояти 141 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 141
۞ وَهُوَ الَّذِي أَنْشَأَ جَنَّاتٍ مَعْرُوشَاتٍ وَغَيْرَ مَعْرُوشَاتٍ وَالنَّخْلَ وَالزَّرْعَ مُخْتَلِفًا أُكُلُهُ وَالزَّيْتُونَ وَالرُّمَّانَ مُتَشَابِهًا وَغَيْرَ مُتَشَابِهٍ ۚ كُلُوا مِنْ ثَمَرِهِ إِذَا أَثْمَرَ وَآتُوا حَقَّهُ يَوْمَ حَصَادِهِ ۖ وَلَا تُسْرِفُوا ۚ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ ١٤١
۞ Ва Ҳува-л-лази аншаа ҷаннати-м маърушати-в ва ғайра маърушати-в ва-н-нахла ва-з-заръа мухталифан укулуҳу ва-з зайтуна ва-р-руммана муташабиҳа-в ва ғайра муташабиҳ. Кулу мин самариҳи иза асмара ва ату ҳаққаҳу явма ҳасодиҳӣ ва ла тусрифу. Иннаҳу ла юҳиббу-л-мусрифӣн. 141.
141. Ва Ӯ Зотест, ки боғҳоеро, ки бар пояҳо бардошта мешаванд ва бӯстонҳои ғайри бардошташуда бар пояҳоро пайдо кард ва дарахтони хурмо ва зироат ва зайтун ва анорро пайдо кард, ки меваҳояшон ҳархелаанд, монанди якдигар ва ғайри монанди якдигар. Чун мева оранд, аз меваҳояшон бихӯред ва ҳаққи он (закот)-ро рӯзи дарави он адо кунед. Ва исроф (харҷи беҳуда) накунед. Ҳаройина, Ӯ беҷо харҷкунандагонро дӯст надорад.
Офарандаи тамоми ашё Аллоҳи холиқу қодир сифати худро дар ин оят чунин баён кардааст, ки Ӯ таъоло Зотест, ки бо анвои гуногуни неъматҳои худ бандагонро бархурдор сохт, то ин ки танҳо Ӯро парастиш кунанд. Яъне барои онҳо (бо ривояти Ибни Аббос ва Саддӣ) боғҳои ангурро арзи ҳастӣ дод, ки баъзе онҳо бо поя (хаввоза) ҳастанд ва баъзеи дигар бидуни он рӯйи Замин қоиманду ҳосил медиҳанд. Аммо мушрикон бе ҳеҷ гуна дастуре аз сӯйи Парвардигор, бо раъю ихтиёри худ, бар он неъматҳо чунон тасарруф мекунанд, ки гӯё онҳоро худашон офарида бошанд. Байни онҳо фарқ гузорида, баъзеро ҳалолу баъзеи дигарро ҳаром ҳукм мекунанд.
Дар давоми оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки баъзе дарахтонеро чун зайтун, анор, себ, нок офаридем, ки ниёз ба поя надоранд ва онҳо дар шакл агарчи ба ҳамдигар монанд бошанд ҳам, вале дар таъму мазза яксон нестанд. Инчунин Офаридгори кулли шай (ҳамаи чизҳо) чунин Зотест, ки барои ғизои бандагони Худ анвои мухталифи зироатро арзи ҳастӣ дод, ки аз рӯйи ранг, бӯй, ҳаҷм, манфиат аз якдигар фарқ доранд. Бо офаридани ин зироат Ӯ таъоло фармуд, ки ай мардум, вазифаи шумо аз ин иборат аст, ки ҳаргоҳе ин меваҷот ва зироат пухта расиданд ва шумо онҳоро ҷамъоварию дарав намудед, барои риояи ҳақи мискину фуқаро аз ҳосили онҳо закот (ушр) диҳед. Дар истифодаву ба мардум додани онҳо ба исрофкорӣ роҳ надиҳед, зеро Ӯ таъоло исрофкоронро дӯст надорад. Оре, бандаи Аллоҳ дар ҳама кор бояд сарфакориро пеш гирад. Рафту фарде дар сарфи ғизо ва дигар анвои ниёзи худ ба исрофкорӣ роҳ диҳад, ё тамоми молу матоъи худро ба мискинону фақирону ҳоҷатмандон диҳаду худро муфлису муҳтоҷ гардонад, пас ба ғайри исрофкорӣ кори дигареро накардааст. Ва агар аз дароз кардани дасти ёриву кумак ба ниёзмандон худдорӣ кунад хасисӣ кардааст ва дар натиҷа, ба ҳодисае, ки ба сари соҳибони боғ омад ва зикри он дар оятҳои 19 то 33-юми сураи “Нун” гузашт, гирифтор шуданаш аз имкон берун нест.
Уламои иззом (бо иззат) бо истифода аз ҳукми ин оят ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) дар бораи додани садақа (закот) аз анвои ғизое, ки Аллоҳтаъоло онҳоро барои баҳрабардории бандагони Худ дар рӯйи Замин офаридааст, чунин фармудаанд: “Агар мева ва зироат бо оби борон, чашма, наҳр ва амсоли он обёрӣ шавад, ушр (аз даҳ як ҳисса) ва агар бо оби кашида ва ё бо оби харида ва ё ба заҳмати зиёд парвариш ёбанд, нисфи ушр (аз бист як ҳисса) бояд ба фуқарову масокин садақа диҳанд.” Ҳамин аст ҳукми тасарруф дар зироат ва меваҷоте, ки аз Замин мерӯянд.
Илова бар нуктаи боло уламои иззом чунин фармудаанд: Ояти мазкур аёнкунандаи фарзияти адои закоти зироатҳо ва меваҳост. Баъзе аз уламо ишора кардаанд, ки агар мискину бечора ҳангоми ғундоштани ҳосили зироат ҳозир шаванд, соҳиби зироатро воҷиб аст, ки ба хотири навмед насохтани онҳо барояшон андаке ҳам бошад аз он ҳосил бидиҳад. Рафту ба хӯшачинӣ пардозанд, онҳоро боз надорад.
Имоми Аъзам (р) бо такя бар ин оят ва аз ом будани ҳадиси Расуллулоҳ (с), ки онро Имом Бухорӣ (р) низ ривоят кардааст, истифода карда, гуфтааст, ки барои ҳарчи аз Замин рӯяд, хоҳ маводи ғизо аст ва хоҳ ғайри он ба ҷуз ҳезуму алаф, сабазаҷоту анҷир, шохаҳои дарахти хушку найу
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
найшакар, пардохти ушр ва адои закот барои соҳиби мол воҷиб аст.
Ҳадиси ривояткардаи Имом Бухорӣ аз Ибни Умар (р) чунин аст: “Дар он чи осмон обаш диҳад, ушр аст. Дар он чи, ки бо оби кашида, ба василаи шутур ё ба воситаи чарх ё бо зарф обёрӣ мешавад, нисфи ушр аст.”