Сураи Анъом Ояти 143 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 143 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 143

ثَمَانِيَةَ أَزْوَاجٍ ۖ مِنَ الضَّأْنِ اثْنَيْنِ وَمِنَ الْمَعْزِ اثْنَيْنِ ۗ قُلْ آلذَّكَرَيْنِ حَرَّمَ أَمِ الْأُنْثَيَيْنِ أَمَّا اشْتَمَلَتْ عَلَيْهِ أَرْحَامُ الْأُنْثَيَيْنِ ۖ نَبِّئُونِي بِعِلْمٍ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ ١٤٣

Саманията азваҷи-м мина-З-Заън иснайни ва мина-л-маъз иснайн. Қул и-з-закарайни ҳаррама амии-л-унсаяйни ам маштамалат ъалайҳи арҳаму-л-унсаяйн. Наббиунӣ би ъилмин ин кунтум содиқӣн. 143.

143. (Офарид) ҳашт ҷуфт: аз гӯсфанд ду ва аз буз ду. Бигӯ: «Ҳар ду нарро Аллоҳ ҳаром кард ё ҳар ду модаро ё он чиро, ки бачадони (раҳми) ду мода дар бар гирифтааст?. Агар шумо ростгӯ ҳастед, маро бо илм хабар диҳед».

Дар асл “Ал-анъом” шутур, гов гӯсфанд ва бузро мегӯянд. Ҳар кадоми онҳо ҳамроҳи ҷуфти худ, яъне як нару як мода дар маҷмӯъ ба 8 адад мерасанд. Агар нар гӯем, ҷинси модаи ӯ ва агар мода гӯем, ҷинси нари вай ба хотир мерасад. Аллоҳтаъоло дар ин оят бори дигар ҷаҳолати арабҳоро, ки қабл аз Ислом доштанд, баён кардааст. Яъне онҳо баъзе аз ҳайвонотро, чуноне ки зимни оятҳои қаблӣ иҷмолан ва дар ояти 103-юми сураи “Моида” комилан гузашт, чун «баҳира», «соиба», «васила» ва «ҳомма”-ро бар худ ҳаром гардониданд, Худованд онҳоро барои ин ақида ва қонуни худсохти ботилашон наҳй карда буд. Ӯ таъоло чаҳорпоёнеро, ки дар ин оят зикрашон гузашт, сарфи назар аз ҷинсияташон ва аз хурду калон буданашон, на барои мард ва на барои зан ҳаром нагардонидааст. Балки ҳамаи онҳоро бо наслҳояшон барои баҳрабардории бани Одам (хоҳ мард бошанду хоҳ зан), халқ карда аст, баъзеи он чаҳорпоён барои саворию борбардорӣ истифода мешаванд, баъзеи дигар барои гӯшту пашм ва иддаи дигаре барои ширашон мавриди истифодаанд.

Одати арабҳои замони ҷоҳилият, чуноне ки қаблан гузашт, он буд, ки агар дар батни он чаҳор ҳайвони номбурда ҳамл пайдо мешуд, мегуфтанд: гӯшту насли онҳо барои мо мардҳо ҳалол ва барои ҳамсарони мо ҳаром аст. Бинобар ин, Худованд ояти мазкурро нозил намуд ва Пайғамбари Худ (с)-ро фармон дод, ки ба маломату заҷру манъ ба онҳо бигӯ, ки ай мушрикҳо, оё Аллоҳтаъоло барои шумо он ду чаҳорпои нар (кучқор ва така)-ро ҳаром гардонидааст ё ду мода (солуқ ва модабуз)-ро ё ҳамлеро, ки он ду мода дар батни хеш доранду ҷинсашон номаълум (нар аст ё мода) аст, ҳаром гардонидааст?

Дар охири оят бори дигар Ӯ таъоло ба Пайғамбари баргузидаи Худ (с) амр мекунад, ки бо суоли олудаи маломату сарзаниш аз мушрикон пурс, агар онҳо худро ростгӯ медонанд, дар посухи суолҳои ту бо дониш (илм) бебуҳтон ва бетахмину орӣ аз ёвагӯйӣ, роҷеъ ба он чаҳорпоёне, ки баъзе онҳоро ҳаром ва баъзеи дигарро ҳалол ҳукм намудаву онро ба Аллоҳтаъоло нисбат медиҳанд, бо санади муътамад (яъне, бо далелу бурҳони асоси илмӣ дошта) ҷавоб бигӯянд, ки чӣ гуна Аллоҳтаъоло ҳукми ҳаром будани иддае аз чаҳорпоёнро барои онҳо баровардаасту барои иддаи дигаре не? Ба онҳо бигӯ, ки оё шумо, ҳангоме ки Ӯ таъоло он чизҳоро фарзан ба ду гурӯҳ тақсим намуд ва баъзеро ҳалолу баъзеи дигарро ҳаром ҳукм кард, магар он ҷо ҳозир будед?.

Хулоса, тамоми махлуқот, аз чумла чаҳорпоён маҳсули офариниши он Зоти ба ҳама кор тавоност. Онҳо моли Худованданд ва ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад,ки худсарона, баъзе онҳоро ҳаром ва баъзеро ҳалол ҳукм кунад. Ин амал танҳо хоси Офаридгор аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 142 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 144 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)