Сураи Анъом Ояти 144 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 144 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 144

وَمِنَ الْإِبِلِ اثْنَيْنِ وَمِنَ الْبَقَرِ اثْنَيْنِ ۗ قُلْ آلذَّكَرَيْنِ حَرَّمَ أَمِ الْأُنْثَيَيْنِ أَمَّا اشْتَمَلَتْ عَلَيْهِ أَرْحَامُ الْأُنْثَيَيْنِ ۖ أَمْ كُنْتُمْ شُهَدَاءَ إِذْ وَصَّاكُمُ اللَّهُ بِهَٰذَا ۚ فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا لِيُضِلَّ النَّاسَ بِغَيْرِ عِلْمٍ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ ١٤٤

Ва мина-л-ибили иснайни ва мина-л-бақари иснайн. Қул а-з-закарайни ҳаррама ами-л-унсаяйни ам маштамалат ъалайҳи арҳаму-л-унсаяйн. Ам кунтум шуҳадаа из ва-с-сокумуллоҳу би ҳаза. Фа ман азламу мим ман-ифтаро ъалаллоҳи казиба-л лиюЗилла-н-наса би ғайри ъилм. Инналлоҳа ла яҳди-л-қавма-з-золимӣн. 144.

144. Ва ҳамчунин Аллоҳ аз шутур дуро ва аз гов дуро пайдо кард. Ба онҳо бигӯ: «Оё ҳарду нарро ҳаром карда аст ва ё ҳарду модаро ё он чиро, ки дар бар гирифта аст раҳмҳои ҳарду мода? Оё вақте ки шуморо Аллоҳ ба ин (кор) ҳукм (амр) кард, ҳозир будед?». Пас, кист золимтар аз касе, ки бар Аллоҳ дуруғро бӯҳтон кард (баст), то ин ки мардумро бе илм гумроҳ кунад? Ҳаройина, Аллоҳ гурӯҳи золимонро ҳидоят намекунад.

Тавре дар оятҳои боло гузашт, одати мушрикон он буд, ки гоҳо аз чаҳорпоён нарро ва гоҳ модаро ва гоҳо наслашонро барои худ ҳаром меҳисобиданд. Ҳоло дар ин оят бо мақсади маломату дилкӯбӣ ва радди ақидаи ботили мушрикон Аллоҳтаъло такроран хабар дода аст, ки аз ҷинси шутур ду (як ҷуфт)-ро ва гов ду (як ҷуфт)-ро яъне онҳоро ҷуфт-ҷуфт офаридем. Арабҳо шутури нарро ҷамал ва шутури модаро ноқа ва гови нарро ҷомусу модаашро бақар хонанд. Дар давоми оят Ӯ таъоло ба Пайғамбари Худ (с) супориш медиҳад, ки бо оҳанги дилкӯбкунанда ба он мушрикҳо бигӯ, Аллоҳтаъоло барои шумо кадоме аз ин дуро ҳаром гардонида аст? Оё нарҳои он ду ҳайвонро ё модаҳояшонро? Мусаллам аст, ки насле, ки аз онҳо ба дунё меояд зумрае нар, зумрае мода ва гоҳо ҳама нар ва ё билакс, ҳама мода ҳастанд. Далели илмию ақлии собитшуда пеш биёред, ки кадоме аз онҳоро барои шумо Аллоҳтаъоло ҳаром ва кадомеро ҳалол ҳукм кардааст?

Давоми оят маломати мушриконро шиддат бахшида, мефармояд, ки бигузор гуфти шумо (бидъаткорон) бошад. Пас, бо далели мустаҳкам ақидаи пешгирифтаи хешро ба исбот расонед, ки ҳангоме, ки Худованд ин чаҳорпоёнро халқ карду гурӯҳеро ҳалолу гурӯҳеро ҳаром ҳукм кард, шумо магар ҳозир будед?


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 143 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 145 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)