Фарк дар байни хачи мард ва зан

Дар байни ҳаҷи мард ва зан дар ёздаҳ чиҳат фарқ аст:
1- То маҳраме ҳамроҳи зан набошад бар вай ҳаҷ фарз намешавад.
2-Агар маҳрами зан барои ҳаҷ кардан ҳамроҳи зан барои худаш масрафи ҳаҷро аз зан талаб намояд, агар зан аз додани чунин масраф оҷиз бошад бар вай ҳаҷ фарз намешавад.
3-Ҳаҷи мард бояд бо сари бараҳна ва аз зан бо рӯи кушодашуда аз бастани иҳром то хориҷ шуданашон аз иҳром идома бикунад.
4-Занон талбияро “Лаббайкаллоҳума…”-ро бо овози паст ва мардон бо овози баланд мегӯянд.
5-Барои ҳоҷиёни мард пушидани либоси духташуда иҷозат нест, валекин барои ҳоҷиёни зан иҷозат аст.
6-Барои мардон бӯсидан ва даст расонидан ба Ҳаҷаруласвад суннат аст, вале барои занон дар сурате ҷоиз аст, ки агар атрофи он холӣ аз мардони номаҳрам бошад.
7-Барои мардон дар се печи тавоф бо суръат ва рамзи паҳлавонӣ ҳаракат кардан суннат ё мустаҳаб аст, вале занон чунин намекунанд.
8-Барои мардон болои Сафо ва Марва баромадан матлуб аст, вале занон дар сурате мебароянд, ки дар онҷо анбуҳ ва издиҳоми мардон набошад.
9- Барои мардон бо суръат гузаштани ду нишонаи сабзи дар байни Сафо ва Марва буда матлуб аст, вале занон чунин намекунанд.
10- Мард агар тавофи ваддоъро тарк бисозад бар вай хӯн кардан воҷиб мешавад, вале агар занон ба узри ҳайз ё нифос тавофи ваддоъро тарк бисозанд бар онҳо хӯн кардан воҷиб намешавад.
11- Барои мардон бо тарошидан ё кутоҳ кардани мӯйҳои сар аз иҳром хориҷ шудан воҷиб аст, вале занон чунин намекунанд.


