Тафсири Сураи Анъом Ояти 148 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 148
سَيَقُولُ الَّذِينَ أَشْرَكُوا لَوْ شَاءَ اللَّهُ مَا أَشْرَكْنَا وَلَا آبَاؤُنَا وَلَا حَرَّمْنَا مِنْ شَيْءٍ ۚ كَذَٰلِكَ كَذَّبَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ حَتَّىٰ ذَاقُوا بَأْسَنَا ۗ قُلْ هَلْ عِنْدَكُمْ مِنْ عِلْمٍ فَتُخْرِجُوهُ لَنَا ۖ إِنْ تَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ أَنْتُمْ إِلَّا تَخْرُصُونَ ١٤٨
Са яқулу-л-лазӣна ашраку лав шааллоҳу ма ашракна ва ла абауна ва ла ҳаррамна мин шайъ. Казалика каззаба-л-лазӣна мин қаблиҳим ҳатта зақу баъсана. Қул ҳал ъиндакум-м мин ъилмин фа тухриҷуҳу лана ин таттабиъуна илла-з занна ва ин антум илла тахрусун. 148.
148. Зуд бошад, ки мушрикон гӯянд: «Агар Аллоҳ мехост, на мо ширк меовардем ва на падарони мо ва ҳеҷ чизро ҳаром намегардонидем». Ҳамчунин ба дурӯғ нисбат карданд касоне ки пеш аз онҳо буданд, то он ки уқубати Моро чашиданд. Бигӯ: «Оё аз дониш (ҳуҷҷат) чизе назди шумо ҳаст, пас, онро барои мо берун оред!? Пайравӣ намекунед, магар гумонро ва нестед шумо магар дурӯғгӯй».
Дар ин оят баҳсу мунозира ва он шубҳаҳое, ки сабаби ширку баъзе чизҳоро ҳаром ҳукм кардани мушрикону пайравони онҳо буд, баён шудааст. Яъне Аллоҳтаъоло аз чунин амали мушрикон қаблан ва баъдан огоҳ буда, ба тағйир додани пиндори онҳо ва бедор кардани тавфиқи имон дар қалбҳои онҳо қодир аст. Аммо дар қалбҳои мушрикон тавфиқи имон вуҷуд надорад.
Яъне Аллоҳтаъоло дар ояте, ки ҳоло мавриди назари мо қарор дорад, хабар додааст, ки он лаҳза дур нест, ки мушрикон домани мунозираро пеш гирифта, барои исботи бегуноҳии худ ҳуҷҷат оварда хоҳанд гуфт, ки агар ризои Худованд намебуд, на мо ва на падарҳои мо ба ҳеҷ ваҷҳ ягон офаридаи Ӯ таъолоро худсарона ҳалол ва ё ҳаром ҳукм намекардем ва ба куфр худро олуда намесохтем. Гузашта аз ин, тавре дар ояти 20-уми сураи “Зухуруф” гузашт”, мушрикҳо гуфтанд, ки: «агар Аллоҳ мехост, мо бутҳоро ибодат намекардем” ва ҳамчунин дар ояти 35-уми сураи “Наҳл” аз онҳо хабар омадааст: “Ва гуфтанд онҳое, ки мушрик шуданд: агар хости Аллоҳ намебуд, мо ба ғайри Ӯ таъоло ҳиҷ чизро намепарастидем”.
Хулоса, онҳо ва гузаштагони онҳо бо чунин далелҳои ботил худро гумроҳ наҳисобиданд. Аммо чунин суханбозӣ ва ба чашми мардум хокпошӣ барояшон суде наовард. Зеро ҳар феъле аз банда сар мезанад, он бо хоҳишу ихтиёри худи ӯст. Гузашта аз ин борҳо ба ин мушрикон таъкид шуда буд, ки ин гуна амалҳои шумо хилофи шариати илоҳист. Агар дар ин гуна амалҳои онҳо Аллоҳтаъоло розӣ мебуд, чаро сари онҳо балоҳои зиёд фиристод, шаҳрҳояшонро харобу ба хок яксон намуд? Оё онҳо аз аҳволи қавмҳои гузашта, ки аз сӯйи Аллоҳтаъоло барои ҳидояташон пайғамбарон омада буданд, онҳоро эътироф накарда, борони туҳмату дурӯғу буҳтонро сарашон рехтанд, бо ин сабаб мӯҷиби муҷозоти илоҳӣ қарор гирифтанд, огоҳӣ надоранд? Чаро аз сарнавишти талхи онҳо дарси ибрат наомӯхтанд? Боз чӣ мехоҳанд? Магар ҳамин аҳволи аҷдодашон барои онҳо ҳушдор набуд? Ё барои ҳақ будани рафтори худ ягон далели дигаре доранд? Агар доранд, пеш биёранд, то дида шавад, ки он чӣ гуна ҳуҷҷат аст! Не, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ чунин ҳуҷҷат надоранд, ки Аллоҳтаъоло дар он барои ҳалолро ҳаром ва ҳаромро ҳалол гуфтани мушрикон иҷозат дода бошад! Ҳақиқати сухан барои шумо ин аст, ки шумо тобеи пиндору хаёли хоми худ гардида, ҳақиқатро нодида гирифтед ва аз он пайравӣ намудед. Акнун ба шумо ба ҷуз дурӯғгӯю буҳтонгар сифати дигар дода намешавад.
Бояд мушрикону амсоли онҳо донанд, ки Аллоҳтаъоло чизеро хоҳад, ба бандагони худ ба таври рӯшану ошкоро, бидуни тарсу бим аз касе амр мекунад.
Хулоса, Ӯ таъоло ҳамеша хоҳони имон овардани бандагони Худ буда амр намудааст, ки ай мардум, имон оред! Ҳамчунин хоҳони ширк ва куфрварзии бандагони Худ нест. Бинобар ин, ба дурӣ ҷустан аз инҳо фармон дода гуфтааст, ки кофир машав! (сураи “Бақара” о.102.), мушрик машав! (сураи “Луқмон”.о.13) ва ғ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «