Тафсири Сураи Анъом Ояти 149 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 149
قُلْ فَلِلَّهِ الْحُجَّةُ الْبَالِغَةُ ۖ فَلَوْ شَاءَ لَهَدَاكُمْ أَجْمَعِينَ ١٤٩
Қул фа лиллаҳи-л-ҳуҷҷату-л-балиғаҳ. Фа лав шаа ла ҳадакум аҷмаъӣн. 149.
149. Бигӯ: «Пас, Худорост далели расо (возеҳу равшану мӯҳкам). Ва агар Худо мехост, албатта, ҳамаи шуморо як ҷо ҳидоят мекард».
Дар ояти қаблӣ мушрикон гуфтанд, ки агар Ӯ таъоло намехост, мо ширк намеовардем. Аммо барои исботи ин нукта сухани онҳо далел шуда натавонист ва ягон ҳуҷҷати дигар ҳам оварда натавонистанд. Дар ин оят ҳам Аллоҳтаъоло ба Расули Акрам (с) амр кардааст, ки ба он мушрикон бигӯ, ки он ҳуҷҷате, ки басо боэътимоду муҳкам ва раднашавандаву расо қонеъкунанда ҳуҷҷати Парвардигор аст. Ҳуҷҷати шумо дар назди он ҳеҷ эътиборе надорад. Ин аст, ки агар Аллоҳ мехост, бидуни ягон андеша ҳамаи мушриконро мисли фариштагон пок мегардонид, ҳидоят мекард ва шуморо дар маърази имтиҳон қарор намедод. Бе шубҳа, Аллоҳтаъоло ба ин кор қодир аст.
Ҳикмати Парвардигор аст, ки ба инсонҳо ақлу идрок дод. Ба воситаи пайғамбарон ва китобҳои Худ дар бораи ақидаҳои дуруст ва корҳои нек (роҳи рост, роҳи ҳидоят) ҳамчунин ақидаҳои нодуруст (ботил) ва корҳои бад (роҳи залолат, гумроҳӣ) хабар дод. Ва боз ҳушдору хабар дод, ки барои пайравӣ аз роҳи залолат ҷазо ва барои пайравӣ аз роҳи ҳидоят мукофот муқаррар шуда аст. Барои имтиҳон интихоби байни ин ду роҳро ба ихтиёри худи инсонҳо вогузор кард.
Касе роҳи ҳидоятро интихоб кунад некбахт хоҳад шуд ва касе роҳи залолатро интихоб кунад бадбахт хоҳад шуд. Мушрикон барои худ кадом роҳро ихтиёр карданд?
Оё мушрикон ба ҳақиқати ҳукми шариат, ҳаққи шоҳидӣ додан доранд ва ё Пайғамбари Аллоҳ? Ояти зер посухи ин суол аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «