Тафсири Сураи Анъом Ояти 157 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 157
أَوْ تَقُولُوا لَوْ أَنَّا أُنْزِلَ عَلَيْنَا الْكِتَابُ لَكُنَّا أَهْدَىٰ مِنْهُمْ ۚ فَقَدْ جَاءَكُمْ بَيِّنَةٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ ۚ فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ كَذَّبَ بِآيَاتِ اللَّهِ وَصَدَفَ عَنْهَا ۗ سَنَجْزِي الَّذِينَ يَصْدِفُونَ عَنْ آيَاتِنَا سُوءَ الْعَذَابِ بِمَا كَانُوا يَصْدِفُونَ ١٥٧
Ав тақулу лав анна унзила ъалайна-л-китабу ла кунна аҳда минҳум. Фақад ҷаакум баййинату-м ми-р-Раббикум ва ҳуда-в ва раҳмаҳ. Фа ман азламу мим ман каззаба би айатиллаҳи ва садафа ъанҳа. Са наҷзи-л-лазӣна ясдифуна ъан айатинаъ суа-л-ъазаби би ма кану ясдифун. 157.
157. Ё то нагӯед: «Агар бар мо Китоб фуруд оварда мешуд, албатта, мо аз онҳо роҳёфтатар мебудем». Пас, ба дурустӣ ки аз ҷониби Парвардигори шумо ҳуҷҷат ва ҳидоят ва раҳмат ба шумо омадааст. Пас, кист ситамгортар аз касоне ки оятҳои Худоро ба дурӯғ нисбат кунанд ва аз он рӯй мегардонанд? Зуд бошад, онҳоеро, ки аз оятҳои Мо рӯй гардониданд, ба сабаби рӯйгардон шуданашон ба бадтарин азоб ҷазо хоҳем дод.
Маънои ояти мазкур ба ояти қаблӣ хеле шабоҳат дорад.
Яъне агар Қуръон нозил намешуд, мумкин буд, ки мушрикону амсоли онҳо дар рӯзи саволу ҷавоб баҳонаҷӯӣ карда, мегуфтанд, ки мо арабҳои бедорзеҳну росихфаҳм ва дорои ҳофизаи қавӣ будем. Агар китоби осмонӣ барои мо нозил мешуд, чуноне ки бар он ду тоифаи пеш аз мо нозил шуда буд, қатъиян нисбат ба онҳо роҳёфтатар мебудем. Ин ҷузъи оятро ояти 42-юми сураи «Фотир» таъкид намуда, гуфтааст, ки «қасам хӯрданд бо сахттарин қасамҳои худ, агар биояд ба онҳо тарсонанда, албатта, хоҳанд буд роҳ ёфтатар аз ҳар як уммат». Оре! Онҳое, ки дар ин дунё аз ҳеҷ кас тарсе надоранд, ҳоло чунин суханҳоро мегӯянд, агар барои онҳо аз тарафи Аллоҳтаъоло китобе нозил намешуд, дар он рӯзи сахтӣ, албатта, онҳо хомӯш нанишаста, балки ҳазорҳо баҳонаҳо меҷӯстанд.
Бинобар ин, дар давоми ин оят омадааст, ки дар ҳақиқат аз тарафи Аллоҳтаъоло Қуръони азим барои шумо омад ва ҳалолу ҳаромро баён намуду роҳи ҳидоятро нишон дод. Барои касоне, ки тобеи Қуръон мешаванд, Қуръон раҳмати Парвардигор аст. Пас, бо овардани узрҳои ботил ва баҳонаҳои мардуд на дар ин дунё баҳона ҷуста метавонанд ва на дар қиёмат. Зеро дар идомаи ояти мазкур омадааст, ки оё аз касе, ки оятҳои Парвардигорро, ки барои мардум раҳмату ҳидоятанд, дурӯғ пиндорад ва бовар накунад, гумроҳтар каси дигаре ҳаст? Ҷавоб яктост: Нест! Акнун касоне, ки дар гумроҳӣ рафтанд ва аз ҳукми оятҳои Аллоҳтаъоло рӯйи гардониданд, ба зудӣ азоби шадид, сазову ҷазо хоҳанд дид. Ин ҷузъи оятро ояти 88-уми сураи «Наҳл» таъкид намуда фармудааст: «Онон, ки кофир шуданд ва боз доштанд мардумро аз роҳи Худо, афзун медиҳем онҳоро азобе болои азоб ба сабаби он, ки фасод мекарданд».
Касоне, ки ба оятҳои Аллоҳтаъоло имон намеоранд, чиро интизоранд? Ба ин савол ояти зер ҷавоб медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «