Сураи Анъом Ояти 156 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 156 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 156

أَنْ تَقُولُوا إِنَّمَا أُنْزِلَ الْكِتَابُ عَلَىٰ طَائِفَتَيْنِ مِنْ قَبْلِنَا وَإِنْ كُنَّا عَنْ دِرَاسَتِهِمْ لَغَافِلِينَ ١٥٦

Ан тақулу иннама унзила-л-китабу ъала таифатайни мин қаблина ва ин кунна ъан диросатиҳим ла ғофилӣн. 156.

156. То нагӯед: «Ҷуз ин нест, ки бар ду тоифаи пеш аз мо Китоб фурӯ фиристода шудааст. Ва ба дурустӣ ки мо аз тиловату омӯхтани онҳо бехабар будем.

Ибни Ҷарир ба ояти қаблӣ ишора намуда, маънои ин оятро чунин эзоҳ додаанд: Мурод аз нозил кардани Қуръон бар Муҳаммад (с) ин аст, ки то мушрикони араби ғаюру худхоҳ дар рӯзи Қиёмат ҳуҷҷат оварда натавонанд ва нагӯянд, ки китобҳои осмонӣ яъне Тавроту Инҷил фақат бар ду тоифа бар яҳуду насоро пеш аз мо нозил шудааст. Барои мо китобе нозил нашуд ва пайғамбаре барои мо фиристода нашуд, то ин, ки он китобро барои мо хонаду фаҳмонад ва мо ба ӯ итоат кунем. Ё агар Қуръон нозил намешуд, мумкин буд, ки ҳуҷҷати дигаре пеш оварда мегуфтанд, ки мо забони он ду китобро намедонистем ва мухотаби онҳо қарор надоштем, байни мо ва онҳо алоқа барқарор набуд ва аз дарсу мазмуни онҳо мо ғофил будем.

Хулоса, имрӯз ҳуҷҷати Аллоҳтаъоло, (яъне, Қуръон) ва ин барномаи раҳмату ҳидояти умумии Парвардигор дар хонаҳои онҳо фуруд омад, то дар нахуст худи онҳо аз он истифода кунанд ва боз ин амонати илоҳиро дар тамоми ҷаҳон таблиғ намоянд. Баъд аз нозилшавии Қуръон, мушрикон барои ҳақ будани ақидаи ботили худ дигар ҳуҷҷате надоранд, ки пешниҳод кунанд. Зеро Қуръон барои қавму нажоди махсус ё барои диёри махсус фуруд наомада, балки тамоми мардуми рӯйи сайёраи Заминро мухотаби худ қарор додааст. Алҳамду лиллоҳ, бо фазлу тавфиқи илоҳӣ ин пайғоми охирину умумии Парвардигор дар солҳои аввал ба баракати Расул (с) ва асҳоби ӯ дар аксари гӯшаву канори ҷаҳон домани худро паҳн намуд. Ин муқаддимаро ояти зер идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 155 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 157 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)