Садамаи SS Gairsoppa

0

Боре, ки киштии британии тиҷоратии SS Gairsoppa бо ҳимояти киштиҳои низомӣ аз Калкутта ба Британия мебурд, чой, чӯян ва нуқра буд. Феврали соли 1941 ҳангоми тӯфон киштӣ аз муҳофизонаш қафо монда, дучори ҳамлаи киштии зериобии немис шуд ва 300 км ҷанубу ғарб аз Ирландия зери об рафт. Аз 85 нафар танҳо як кас — ёвари капитан Ричард Айрес зинда монд, ки бо қаиқ 13 рӯз тани танҳо шино карда, ба соҳил расид.

Соли 2011, баъди 70 соли садама аз он наздики 50 тонна нуқра берун оварда шуд, ки тақрибан панҷяки бори киштиро ташкил медод. Баъди ду сол бошад, аз қаъри баҳр зиёда аз 1500 сабикаи нуқра ба маблағи қариб $35 миллион ба даст омад. Айни замон арзиши умумии бори киштиро $210 миллион меҳисобанд.

Чанд далел оид ба “Титаник”

Мақолаи қаблӣЭтел Кларксон – зане, ки дар як рӯз миллионер шуд
Мақолаи баъдӣШаҳри Чекалин – хурдтарин шаҳри Росия

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед