Сураи Анъом Ояти 158 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 158 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 158

هَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا أَنْ تَأْتِيَهُمُ الْمَلَائِكَةُ أَوْ يَأْتِيَ رَبُّكَ أَوْ يَأْتِيَ بَعْضُ آيَاتِ رَبِّكَ ۗ يَوْمَ يَأْتِي بَعْضُ آيَاتِ رَبِّكَ لَا يَنْفَعُ نَفْسًا إِيمَانُهَا لَمْ تَكُنْ آمَنَتْ مِنْ قَبْلُ أَوْ كَسَبَتْ فِي إِيمَانِهَا خَيْرًا ۗ قُلِ انْتَظِرُوا إِنَّا مُنْتَظِرُونَ ١٥٨

Ҳал янзуруна илла ан таътияҳуму-л-малаикату ав яътия Раббука ав яътия баъЗу айати Раббик. Явма яътӣ баъЗу айати Раббика ла янфаъу нафсан ӣмануҳа лам такун аманат мин қаблу ав касабат фи ӣманиҳа хайро. Қулинтазиру инна мунтазирун. 158.

158. Оё мунтазир намешаванд, магар он ки ба онҳо фариштагон биёянд ё ҳукми Парвардигори ту биёяд ё баъзе нишонаҳои Парвардигори ту биёяд? Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Парвардигори ту биёяд, касеро имони ӯ нафъ надиҳад, ки пеш аз ин имон наёварда буд ё дар имони худ ҳеҷ амали хайрро касб накарда буд. Бигӯ: «Мунтазир шавед, ҳамоно, мо низ мунтазирем!».

Аллоҳтаъоло дар ин оят барои кофирону мухолифони Расули Худ (с) ва дурӯғҳисобандагони оятҳои Қуръонӣ ва барои он касоне, ки садди роҳи ҳидояти мардум шудаанд, ваъиди (ваъдаи азоб) шадид намуда, фармудааст, ки Мо дар бораи ваҳдонияти Худ ва барои исботи рост будани суханҳои пайғамбари худ Муҳаммад (с) ҳуҷҷатҳои қатъӣ худро пешниҳод намуда, пиндору ақидаҳои нодурусти мушрикон ва амсоли онҳоро дар оятҳои қаблӣ ботил сохтаю рад намудем. Ҳоло бошад, онҳо барои тасдиқи ин гуфтаҳо дигар чиро фаҳмидан мехоҳанд ва онҳо боз чиро интизорӣ мекашанд? Оё, онҳо интизори онанд, ки фариштагон оянд ё Парвардигор ба назди онҳо ояду бо онҳо дар сухан шавад, ё бо ҳукми Парвардигор ё баъзе нишонаҳои рӯзи қиёмат зоҳир шавад, баъд бовар мекунанд? Агар ин чизро интизор шуда бошанд, донанд, ки ин ҳодиса рӯзи қиёмат барпо мешавад ва он гоҳ имон овардан дер шудааст, имони баъд барои онҳо фоида надорад. Ё агар омадани фариштагони қабзи ҷонро интизор бошанд, ки онҳо оянду баъди диданашон имон оранд, ин ҳам дер аст. Аз ин гуна имон овардан барои онҳо ҳеҷ фоидае нест. Зеро онҳо амалҳои солеҳро дигар иҷро карда наметавонанд. Ё агар дидани баъзе нишонаҳои Парвардигорро дар бораи воқеъ шудани рӯзи қиёмат хоҳанд ё он нишонаҳое, ки худи онҳо талаб доранд, зоҳир шаванду баъди дидани инҳо имон оранд, ин гуна имон барои онҳо ҳеҷ нафъе расонида наметавонад.

Зеро таклифи имон овардан то ҳамон рӯз (яъне, то омадани фариштаи қабзи ҷон, ё рӯзи Қиёмат) аст, чун он рӯз биояд, таклифи имон овардан бардошта мешавад.

Дигар ин, ки инсон ба корҳои ғайб бояд ихтиёран имон дошта бошад ва имони баъди муойинаи нишонаҳои қиёмат ба касе суд намекунад. Ё банда қаблан имон дорад, локин ягон амали солеҳро иҷро накардааст, баъди дидани нишонаҳои қиёмат ба иҷрои амали солеҳ даст занад ва ё амали солеҳро иҷро мекард, аммо қаблан имон надошт, пас агар имон ораду амали солеҳро давом диҳад ҳам, ба ӯ суде намерасад. Зеро дар он рӯз дари тавба баста шудааст.

Дар ҷумлаи охир Аллоҳтаъоло барои кофирон таҳдиди шадид ва барои касоне, ки имон оварданду иҷрои амалҳои солеҳро то ба рӯзе, ки дигар тавба намудан суде надорад, ба таъхир гузоштанд, таъкидан ваъид намуда, Ҳабиби Худ (с)-ро фармудааст, ки ба чунин тоифа бигӯ, ки агар шумо чунин рӯзро, яъне мусибатҳои замонро барои ман ва тобеони ман интизорӣ мекашида бошед, мо низ мунтазирем ва ба зудӣ медонед, ки кадоми яке аз мо дар он рӯз дар амон мемонад.

Дар сураи «Ғофир», оёти 84-85-ум ба ин мазмун чунин омадааст: “Пас, вақто ки диданд (кофирон) уқубати моро, гуфтанд: Имон овардаем ба Аллоҳ ба танҳогияш ва мункир шудем ба он чизе, ки ба сабаби он мушрик шуда будем. Пас ҳаргиз нафъ намерасонад онҳоро имони онҳо, вақто ки диданд уқубати моро.”

Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ мувофиқ ба мазмуни ояти мазкур аз Мӯсо бинни Исмоъил ва дар охир аз Абу Ҳурайра (р) чунин омадааст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Қиёмат барпо намешавад, то ин ки Офтоб аз мағриб тулӯъ накунад. Чун мардум инро диданд, ҳама имон меоранд. Ин вақтест, ки дари тавба баста шудааст, агар қаблан имон наоварда бошанду ҳоло имон оранд аз ин ба онҳо ҳеҷ нафъе намерасад.” Баъди анҷоми сухани худ ва тасдиқи он Расулуллоҳ (с) ояти мазкурро тиловат намуданд.

Аз Ҳузайфа ибни Усайд ибни Абишурайҳи Ғиффорӣ (


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

р) ҳадисе ривоят шудааст, ки номбурда гуфт: Рӯзе аз рӯзҳо мо ҳамроҳи асҳоб бо ҳам гуфтугӯйи рӯзи қиёматро доштем дар ин асно Расулуллоҳ (с) назди мо ташриф оварда гуфтанд: “То ин ки даҳ нишонаро дида нашавад қиёмат қоим намешавад. 1-ум тулӯи Офтоб аз мағриб, 2-юм дуд. 3-юм Доббату-л-арз. 4-ум Хуруҷи Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ. 5-ум Хуруҷи Даҷҷол. 6-ум Хуруҷи Исо (а) ибни Марям (р). 7-ум фурӯ рафтани Замин, яке он дар машриқ, дигаре дар мағриб, 9-ум фурӯравие дар ҷазираи Араб. 10-ум Хориҷ шудани Нор (оташ) аз қаъри Адн, мардумро меронад, куҷое мардум хоб кунанд, ӯ мехобад.”

Дар хабар омадааст, ки вақто Шайтон мебинад, ки Офтоб аз мағриб тулӯъ намуд, ӯ шитобзада сар ба саҷда ниҳода, овоз баланд мекунад, ки Парвардигоро, имрӯз барои касе, ки хоҳӣ маро амр кун, то ман ӯро саҷда кунам. Забония (фариштагони дастбакори ҷаҳаннам) назди ӯ ҷамъ шуда, ба вай мегӯянд: “Ин қадар доду фарёд ва тазаррӯи ту барои чист?” Шайтон дар ҷавоб мегӯяд: “Ман аз Парвардигори Худ пурсида будам, ки то ба он вақте ба худат маълум аст, маро боқӣ гузор. Он вақти маълум ана ҳамин рӯз аст.”

Ба ин мазмун ҳадисҳо бисёранд. Ояти зер бори дигар Расулуллоҳ (с) -ро хитоб намудааст.

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 157 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 159 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)