Сураи Анъом Ояти 159 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 159 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 159

إِنَّ الَّذِينَ فَرَّقُوا دِينَهُمْ وَكَانُوا شِيَعًا لَسْتَ مِنْهُمْ فِي شَيْءٍ ۚ إِنَّمَا أَمْرُهُمْ إِلَى اللَّهِ ثُمَّ يُنَبِّئُهُمْ بِمَا كَانُوا يَفْعَلُونَ ١٥٩

Инна-л-лазӣна фаррақу дӣнаҳум ва кану шияъа-л ласта минҳум фӣ шайъ. Иннама амруҳум илаллоҳи сумма юнаббиуҳум би ма кану яфъалун. 159.

159. Батаҳқиқ, касоне ки дини худро пароканда карданд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд, туро ҳеҷ сару кор ба онҳо дар чизе нест. Ҷуз ин нест, ки кори онҳо ба сӯйи Худост, боз хабар диҳад онҳоро ба он чӣ мекарданд.

Сабаби нузули ин оятро Муҷоҳид, Қатода, Зиҳок ва Сиддӣ яҳуду насороро донистаанд ва ҳамчунин Авфӣ бо иснод аз Ибни Аббос (р) инро тасдиқ дорад, ки онҳо пеш аз фаро расидани пайғамбарии Муҳаммад (с) дар дини худ ихтилоф карданду ба фирқаҳо ҷудо шудаанд. Агарчанде ояти мазкур хабаре аз яҳудиён бошад ҳам, локин ба ҳар тақдир, ояти мазкур далолат бар он дорад, ки аҳли дин бояд дар ҷамии масъалаҳои аслӣ ва фаръӣ (шохавӣ) иҷтимоу эътилоф дошта бошанд. Агар ихтилофу парокандагӣ кунанд, онҳо зери ваъиди ояти мазкур дохиланд. Яъне Аллоҳтаъоло фармудааст, ки касоне, ки дини худро проа-пора намуда, дар миёни диндорон тафриқа андохта, гурӯҳҳо ташкил намуда ва ҳар гурӯҳ фаҳми худро дуруст ҳисобида аст, агар аз дин бо ихтиёри худ насибае бардоштаанд, аз он барои онҳо ҳеҷ фоидае нест. Ай расули мо, ту масъули кори онҳо нестӣ, зеро онҳо аҳли бидъат ва шубҳа буда, гумроҳанд. Оре! Касоне, ки дар дини Аллоҳ (мисли хавориҷ) бидъатҳоро дохил сохта, ихтилофҳо андохтаанд, ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд, таҳти ваъиди ояти мазкур дохиланд. Зеро Аллоҳтаъоло ва расули Ӯ дар ин хусус ҳушдор додаанд.

Хулоса, ҳукми ояти мазкур ом буда, кадом уммате даст ба ихтилофу тафриқабозӣ занаду асли динро монда, бидъатҳоро тарафдорӣ кунад, оқибати кори он уммат ба Аллоҳтаъоло ҳавола аст, зеро рафтори онҳо зери ваъиди ояти мазкур дохил буда, Худованд чорасози кори чунин тоифаҳост. Агар онҳо ҳоло нафаҳманд, дар он рузи пурдаҳшату бебозгашт, чун Худованд аз натиҷаи амали кардаашон хабарашон медиҳад, албатта, хатои худро мефаҳманд, вале ҳайҳот, ки аз ин фаҳмиш барои онҳо суде нест.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 158 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 160 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)