Сураи Анъом Ояти 160 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 160 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 160

مَنْ جَاءَ بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ عَشْرُ أَمْثَالِهَا ۖ وَمَنْ جَاءَ بِالسَّيِّئَةِ فَلَا يُجْزَىٰ إِلَّا مِثْلَهَا وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ ١٦٠

Ман ҷаа би-л-ҳасанати фа лаҳу ъашру амсалиҳа. Ва ман ҷаа би-с-саййиати фа ла юҷзи илла мислаҳа ва ҳум ла юзламун. 160.

160. Ҳар касе ки як некӣ овард, пас, ӯро даҳчандон подош аст. Ва ҳар кӣ як бадӣ овард, пас, ҷазо дода нахоҳад шуд, магар мисли он ва онҳоро ситам карда нахоҳад шуд.

Дар сураи «Намл», ояти 89-ум ва дар ояти 84-уми сураи «Қассас» ҷузъи аввали ояти мазкур ба таври муҷмал омадааст. Аммо дар ояти таҳти назар ҳукм ба таври муфассал омада, Аллоҳтаъоло дар он фармудааст, ки шахсе тавонад, ки рӯзи қиёмат бо як некӣ ба майдони маҳшар ояд, Аллоҳтаъоло бо фазлу карами Худ ҳадди ақал даҳ баробар некӣ ба ӯ мукофот медиҳад. Гоҳо Худои маннон бар ивази як некӣ, (чуноне ки дар ояти 261-уми сураи «Бақара» гузашт), то ҳафтсад маротиба зиёд ва ё ба дараҷаҳои муқоисанашаванда подоши нек мукофот медиҳад. Аммо дар акси ҳол касе кори ношоистаеро бе тавба ҳамроҳи худ ба майдони маҳшар орад, ӯро зулм накарда, Аллоҳтаъоло болои гуноҳи ӯ ҳеҷ чизро наафзуда, хоҳ он гуноҳ сабук аст ва хоҳ сангин, ба ҳамон андоза ҷазояш медиҳад. Масалан, шахсе ҳамроҳи худ ширкро орад, сазои чунин шахс ҷовидон оташи Дӯзах аст.

Дар сурате ки шахси гунаҳкор қаблан тавба намуд ё ин ки Худои маннон ӯро ба раҳмати Худ гирифту омурзишаш намуд, барои ӯ муҷозоте нест.

Хулоса, ба касоне, ки кори бад, ё некро анҷом медиҳанд, мувофиқи он подош ё муҷозот шаванд ва бар онҳо ситам нахоҳад шуд. Барои комил сохтани эзоҳи ояти мазкур, дар ҳадиси қудсӣ бо ривояти Имом Аҳмад бинни Ҳанбал (р) аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин гуфтаанд: “Албатта, Парвардигори шумо раҳмхор аст. Пас касе анҷоми кори некеро қасд кунад, вале онро анҷом дода натавонад, барои ӯ як ҳасана навишта мешавад. Агар он кори некро ба сомон расонад, барои ӯ аз 10 то ҳафсад ва то маротиби бисёр ҳасанот навишта мешавад. Ва ҳар касе қасди анҷоми кори бадеро кунад, аммо онро дар амал наорад, барои ӯ низ як ҳасана навишта мешавад. Агар амали бадро анҷом диҳад, барои ӯ як гуноҳ навишта мешавад ё ин ки Худо-(и азза ва ҷалла) аз номаи аъмоли ӯ онро маҳв месозад…” Ҳамчунин Имом Аҳмад ва Насоӣ ва ибни Моҷа ва Тирмизӣ аз Абӯзари Ғиффорӣ чунин ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Шахсе аз ҳар моҳ се рӯз рӯза дорад, гӯё ин ки ҳамаи солро рӯза доштааст.” Ибни Абиҳотам аз Абизаръата чунин ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Мардуме ки ба намози ҷумъа ҳозир мешаванд, се нафаранд, яъне якум мардест, ки омехта бо корҳои беҳуда ҳозир мешавад, ҳиссаи он ҳамон беҳудагист. Дуюм касест, ки бо дуо ба ҷумъа ҳозир мешавад ва назди Худованд дуо мекунад, агар Аллоҳ хоҳад ончи, ки ӯ дуо кардааст ба вай медиҳад, агар хоҳад ӯро манъ мекунад. Сеюм шахсест ки чун ба ҷумъа ҳозир шавад, хомӯшу бовиқор буда, гардани ягон мусалмонеро пахш намекунад, ҳеҷ касро изо намедиҳад, пас ин ҷумъаи хондагии ӯ то ҷумъаи дигар ва ҳатто иловатан барои се рӯзи дигар кафорати гуноҳҳои ӯ мешавад.”

Дар оятҳои охири ин сура Аллоҳтаъоло ба такрор Пайғамбари худ, Муҳаммад (с)-ро амр мекунад, ки аз он неъматҳое, ки Аллоҳтаъоло ба ӯ (с) додааст, мардумро хабар диҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 159 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 161 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)