Сураи Анъом Ояти 161 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 161 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 161

قُلْ إِنَّنِي هَدَانِي رَبِّي إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ دِينًا قِيَمًا مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا ۚ وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ١٦١

Қул иннанӣ ҳаданӣ Рабби ила сироти-м мустақӣмин дӣнан қияма-м миллата Иброҳӣма ҳанӣфа. Ва ма кана мина-л-мушрикӣн. 161.

161. Бигӯ: «Ҳаройина, Парвардигори ман маро ба роҳи рост ҳидоят намудааст дини саҳеҳ, ба миллати Иброҳим, ки ҳаниф аст. Ва набуд ӯ аз мушрикон».

Аллоҳтаъоло дар ин оят Саййидул-мурсалин, пайғамбари Худ, Муҳаммад (с)-ро дар баробари иддаои он мушрикони бутпараст фармудааст, ки ай Пайғамбарои Мо, ба онҳо аз он ҳидояти дурусте, ки барои ту инъом намудем, бигӯ, ки ин роҳу равиши ман беасос, тахминӣ ва аз рӯй ҳавои нафси ман нест. Балки ин роҳи ростест, ки Парвардигорам маро ба он ҳидоят намудааст.

Роҳест, ки саодати дунё ва хушбахтии охирати ҷисму ҷони инсонро кафолат медиҳад. Динест мувофиқи дину ойину миллати Иброҳим (а), ки он ҳамеша ба сӯйи ҳақиқат равон аст. Динест асосу барномаи он аз тарафи Парвардигор тарҳрезӣ шудааст. На мисли пиндори шумо, ки худро ҳаводори Иброҳим (а) меҳисобеду аз ҳақ рӯй гардонида, мушрик шудаед. Ҳол он ки Иброҳим (а) ҳеҷ вақт аз ҷумлаи мушрикон набуд. Натиҷа он аст, ки касе аз ойини Иброҳим (а) рӯй гардонад, ӯ худро дар ҳамоқат афкандааст. Ин аст ойини воқеии Иброҳим (а), ки ман шуморо ба сӯйи он даъват мекунам. Чунин мазмун дар ояти 131-уми сураи «Бақара» гузашт ва ҳамчунин дар оятҳои 120-121-122-123-юми сураи «Наҳл» ин маъно таъкидан баён гаштааст.

Хулоса, ин оят ва чанд ояти зер, ки бо онҳо сураи «Анъом» ба поён мерасад, назди баъзе аз муфассирон хулосаи ин сураанд, ки алайҳи ширк ва бутпарастӣ нигаронида шудаанд.Чуноне ки оғози сура мардумро ба сӯйи тавҳид даъват намуд, боз бо ҳамин услуб ба охир мерасад. Ҳоло дар оятҳои зер бори дигар Расулуллоҳ (с) мавриди хитоби Парвардигор қарор гирифтааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 160 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 162 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)