Сураи Анъом Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 25

وَمِنْهُمْ مَنْ يَسْتَمِعُ إِلَيْكَ ۖ وَجَعَلْنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ أَكِنَّةً أَنْ يَفْقَهُوهُ وَفِي آذَانِهِمْ وَقْرًا ۚ وَإِنْ يَرَوْا كُلَّ آيَةٍ لَا يُؤْمِنُوا بِهَا ۚ حَتَّىٰ إِذَا جَاءُوكَ يُجَادِلُونَكَ يَقُولُ الَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ هَٰذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ ٢٥

Ва минҳум ма-й ястамиъу илайк. Ва ҷаъална ъала қулубиҳим акиннатан ай яфқаҳуҳу ва фи азаниҳим вақро. Ва ий ярав кулла аяти-л ла юъмину биҳа. ҳатта иза ҷаука юҷадилунака яқулу-л-лазӣна кафару ин ҳаза илла асатӣру-л-аввалӣн. 25.

25. Ва аз мушрикон касоне ҳаст, ки ба сӯйи ту гӯш мениҳанд. Ва (локин) Мо бар дилҳои онҳо, то онро нафаҳманд, пардаҳо афгандаем ва дар гӯшҳои онҳо гаронӣ ниҳодем ва агар ҳар оятеро бубинанд, ба он имон наоранд, то вақте ки назди ту биёянд, бо ту ҷидол кунанд. Онҳое ки кофир шуданд, гӯянд: «Нест ин (Қуръон) магар афсонаҳои пешиниён».

Баъзе аз муфассирон сабаби нузли ояти мазкурро бо ривояти Ибни Аббос (р) рафтори Абӯҷаҳл ва сарони Қурайшро донистаанд, ки онҳо аз мардум пинҳонӣ, яъне бе огоҳ намудани ҳамдигар шабонгоҳ меомаданд ва Қуръонро гӯш мекарданд. Ба ҳар тақдир, Худованд аз ҳоли чунин мушрикон ба Ҳабиби Худ (с) хабар додааст, ки баъзе аз мушрикон касоне ҳастанд, ки ҳар гоҳе Қуръон тиловат мекунӣ, дар торикии шаб, пинҳонӣ меоянду ба хондани ту гӯш фаро медиҳанд. Вале мо дӯст надорем, ки онҳо маънои оятҳои Қуръонро фаҳманд, Бинобар ин, дар дилҳои онҳо пардаҳо кашидаем, ки гӯш кунанд ҳам, маънои нафъовари онро намефаҳманд ва дар гӯшҳояшон гаронӣ (карӣ) ниҳодаем, ки онро (тавре дар ояти 7-уми сураи «Бақара» мегузарад) намешунаванд. Аз рӯйи беинсофӣ аз шунидани маънои оятҳои Қуръонӣ, чуноне ки дар ояти 23-уми сураи «Анфол» бори дигар зикр мешавад, то ҷое каранд, ки агар онҳоро шунаванд ва ё муъҷизае аз муъҷизаҳои туро бинанд ҳам, имон намеоранд. Ҳатто онҳое, ки кофир шуданд, назди ту оянд, ба ҷойи ин, ки ба ту имон оранд, баръакс муҷодалаву мунозира мекунанд ва мегӯянд, ки ин Қуръони ту ба ғайри афсонаҳои беасле, ки пешиниён онро дар китобҳояшон навиштаанд, чизи дигаре нест. Ту инро аз он китобҳо гирифта ба мардум мерасонӣ! (наъузу биллоҳ).

Баёни сифати чунин шахсоне, ки Қуръонро афсона мегӯянд, дар ояти зер идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)