Сураи Анъом Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 24

انْظُرْ كَيْفَ كَذَبُوا عَلَىٰ أَنْفُسِهِمْ ۚ وَضَلَّ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ ٢٤

Унзур кайфа казабу ъала анфусиҳим. Ва Залла ъанҳум ма кану яфтарун. 24.

24. Бингар, чӣ гуна ба зарари худ дурӯғ гуфтанд ва чӣ гуна гум гашт аз онҳо он чӣ ки ифтиро карда буданд!

Дар охират кори мушрикон шигифтангез аст. Яъне онҳо дар дунё амалҳои ширкона мекарданд, дар баробари Аллоҳтаъоло дигар чизҳоро мепарастиданд. Мушрикон дар қиёмат мебинанд, ки маъбудонашон ба суроғашон намеоянд, аз онҳо ному нишоне нест ва ҳамчунин мебинанд, ки Аллоҳ онҳоро аз куҷо будани бутҳояшон суол мекунад, ки дар куҷоанд бутҳоятон, то имрӯз ба кӯмаки шумо шитобанд? Онҳо дар ҷавоб бешармона рӯйи ба дурӯғгӯӣ ниҳода, мегӯянд, ки мо мушрик набудем. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло пайғамбари Худ, Муҳаммад (с)-ро хитоб мекунад, ки бингар, онҳо чи гуна дар назди тамоми мардум ва дар назди Худованд, ки олими сир ва махфиёт аст, мушрик будани худро инкор мекунанд? Оё инкори онҳо ба онҳо суде мерасонад? Ҳаргиз! Чунин мазмунро дар ояти 74-уми сураи «Ғофир» мушоҳида кардан мумкин.

Ҳоло бошад ояти зер ҳоли баъзе аз мушриконро, ки Қуръонро мешунаванд, аммо ба он имон оварда наметавонанд, баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)