Тафсири Сураи Анъом Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 26
وَهُمۡ يَنۡهَوۡنَ عَنۡهُ وَيَنَۡٔوۡنَ عَنۡهُۖ
وَإِن يُهۡلِكُونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمۡ وَمَا يَشۡعُرُونَ ٢٦
Ва ҳум янҳавна ъанҳу ва ян-авна ъанҳ. Ва ий юҳликуна илла анфусаҳум ва ма яшъурун. 26.
26. Ва онҳо мардумро аз Паёмбар боз медоранд ва худ аз мутобиъати ӯ дур мешаванд ва ҳалок намекунанд магар худро ва ҳол он ки намедонанд.
Сабаби нузули ояти мазкур бо ривояти Ҳоким ва дигарон аз Ибни Аббос (р) Абӯтолиб падари Алӣ (к), яъне амаки Расулуллоҳ (с)-ро донистаанд, ки ӯ аз зарар расонидан ба Расулуллоҳ (с) мушриконро ҳамеша наҳӣ менамуд, вале худи вай аз ӯ (с) пайравӣ намекард.
Бо ривояти Саъид бини Абиҳилол, ояти мазкур дар шаъни ҳамаи амакҳои Расулуллоҳ (с) нозил шудааст, ки онҳо 10 нафар буданд. Онҳо дар зоҳир аз Расулуллоҳ (с) пуштибонӣ мекарданд, аммо ба ғайри Амир Ҳамза (р) ва Аббос (р), ки имон оварда буданд, дигар ҳамаашон то охир дар ботин ба ӯ (с) ба шиддат душманӣ меварзиданд.
Хулоса, зоҳири оят чунин аст, ки мушрикон мардумро аз тобеъ шудан ба ҳақ ва тасдиқ намудан ба Расулуллоҳ (с) ва Қуръон наҳӣ мекарданд. На худашон аз ин манбаъи ҳақ истифода мекарданд ва на дигаронро мегузоштанд, ки аз он баҳрабардорӣ кунанду ба Расулуллоҳ (с) имон оранд. Ба ҳар тақдир, ин гуна шахсон худро ҳалок сохта буданду аз ин хабар надоштанд. Яъне худашон имон надоштанд, боз мардумро аз имон овардан манъ мекарданд ва болои гуноҳҳои худ гуноҳҳои дигаронро низ зам менамуданд. Аз ин сабаб худро дар маърази хашму ғазаби илоҳӣ қарор дода буданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «