Сураи Анъом Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 27

وَلَوْ تَرَىٰ إِذْ وُقِفُوا عَلَى النَّارِ فَقَالُوا يَا لَيْتَنَا نُرَدُّ وَلَا نُكَذِّبَ بِآيَاتِ رَبِّنَا وَنَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ ٢٧

Ва лав тара из вуқифу ъала-н-нари фа қолу йа лайтана нурадду ва ла нуказзиба би айати Раббина ва накуна мина-л-муъминӣн. 27.

27. Ва агар онҳоро дар он вақт, ки ба назди оташ истода шаванд, бубинӣ, пас, гӯянд: «Эй кош, ба дунё бозгардонида шавем ва оятҳои Парвардигорамонро дурӯғ наҳисобем ва аз ҷумлаи бовардорандагон бошем».

Аллоҳтаъоло дар ин оят низ Пайғамбари худро хитоб намуда, чунин фармудааст, ки вақте кофирону мушрикон рӯзи қиёмат ба ҷаҳаннам арз (маҳкум) карда мешаванд, хозинҳо (ходимон)-и Ҷаҳаннам онҳоро ба даромадгоҳ оварда, ба онҳо мегӯянд: “Ин ҷо шумо каме таваққуф кунед (истед) ва он чиро, ки дурӯғ меҳисобидед бо чашмҳои худ бинед!” Онҳо Ҷаҳаннам ва ғурриши оташи онро дида бовар кунанд ҳам, барои саркӯбии онҳо хозинҳо мегӯянд: “Акнун он чиро, ки ваъда шуда буд, ба чашмҳоятон дидед, магар он ҳама дурӯғ аст?” Аз мушоҳидаи чунин манзара онҳоро чунон даҳшат фаро мегирад, ки аз тасвираш қалам оҷизӣ мекашад. Онҳо дар чунин ҳолат таманнои бозгашт ба дунёро карда мегӯянд, ки эй кош, бори дигар ба дунё боз гардонида шавем, то дигар ҳаргиз оятҳои Парвардигорро (аз он ҷумла, хабари Биҳишту Дӯзах ва ғайраро) дурӯғ нагӯем, ин рафтори нодурусти худро ислоҳ кунем, амалҳои солеҳро анҷом диҳем ва аз ҷумлаи муъминон шавем. Аммо ҳайҳоти орзуҳои онҳо. Аллоҳтаъоло барои радди таманнои онҳо дар ояти зер мефармояд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)