Сураи Анъом Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 28

بَلْ بَدَا لَهُمْ مَا كَانُوا يُخْفُونَ مِنْ قَبْلُ ۖ وَلَوْ رُدُّوا لَعَادُوا لِمَا نُهُوا عَنْهُ وَإِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ ٢٨

Бал бада лаҳум-м ма кану юхфуна мин қабл. Ва лав рудду лаъаду ли ма нуҳу ъанҳу ва иннаҳум ла казибун. 28.

28. (На!), балки он чи пеш аз ин мепӯшиданд, барои онҳо зоҳир шуд. Ва агар бозгардонида шаванд, албатта, ба сӯйи он чӣ манъ карда мешуданд, руҷӯъ кунанд ва ҳаройина, онҳо дурӯғгӯянд.

Аз ояти қаблӣ зоҳиран маълум шуд, ки гӯё онҳо аз корҳои худ пушаймонанд. Ояти мазкур низ идомаи ҳоли онҳоро баён намуда, фармудааст, ки на, ин пушаймонии онҳо самимӣ нест, балки онҳо чун мебинанд, ки он ҳама айбҳо ва бадиҳоеро, ки махфӣ нигоҳ медоштанд (тавре дар ояти 23-юми ҳамин сура гузашт), ошкору зоҳир гардида, дигар барои онҳо ҷойи гурез намондааст ва ҳамчунин чун дарк кардаанд, ки ҳатман ба сабаби гуноҳҳои пинҳонӣ содиркардаи худ, аз ҷумла ба сабаби ширк оварданашон ногузир ба Ҷаҳаннам ворид мешаванд, ба худ омада, орзуи бозгашт ба дунё ва ислоҳи кори худро мехоҳанд. Вале ин бедории нопойдор барои онҳо судовар нест. Зеро Худованд дар давоми ояти мазкур аз сифати онҳо хабар дода фармудааст, ки онҳо дар орзу ва даъвои худ ҳоло ҳам содиқ нестанд, балки дурӯғгӯянд.

Билфарз, агар онҳо ба дунё баргардонида шаванд ҳам, боз куфру нифоқи худро зоҳир намуда, ба суроғи он корҳое мераванд, ки аз онҳо наҳӣ шуда буданд.

Дар ояти 22-юми сураи «Юнус» барои чунин бутпарастон мисоле оварда шудааст, ки онҳо дар сафари дарё гирифтори тӯфоне шуданд ва чун диданд, ки на бутҳояшон ва на дигар чиз ба ғайри Аллоҳи ягона онҳоро наҷот дода наметавонад, дарҳол аз мушрикии худ безор шуда, худро аҳли тавҳид гардониданд ва сӯйи Аллоҳи ягона аз сидқи дил тавбаву тазаррӯъ намуда, наҷоти худро хостанд. Чун онҳоро Аллоҳтаъоло наҷот дод ва ба соҳил расиданд, ҳамаро фаромӯш карданд ва боз бутпарастии худро идома доданд.

Ин гуна мисолҳо бисёр аст. Ин аст нишонаи шахсоне, ки ҷовидон ба Дӯзах маҳкум мешаванд. Чуноне ки ояти зер мефармояд, фикру эътиқоди онҳо ботил аст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)