Тафсири Сураи Анъом Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 33
قَدْ نَعْلَمُ إِنَّهُ لَيَحْزُنُكَ الَّذِي يَقُولُونَ ۖ فَإِنَّهُمْ لَا يُكَذِّبُونَكَ وَلَٰكِنَّ الظَّالِمِينَ بِآيَاتِ اللَّهِ يَجْحَدُونَ ٣٣
Қад наъламу иннаҳу ла яҳзунука-л-лазӣ яқулун. Фа иннаҳум ла юказзибунака ва лакинна-з-золимӣна би айатиллаҳи яҷҳадун. 33.
33. Батаҳқиқ, Мо медонем, ки албатта, гуфтори онҳо туро андӯҳгин мегардонад. Пас, дарҳақиқат, онҳо танҳо туро дурӯғгӯй намеҳисобанд, балки ин ситамгорон оятҳои Худоро низ инкор мекунанд.
Сабаби нузули ояти мазкур бо ривояти имом Тирмизӣ ва Ҳоким (р) аз Алӣ (к) дар шаъни Абӯҷаҳл дониста шудааст. Боре Абӯҷаҳл бо оғӯш ба Пайғамбари Аллоҳ салом карда гуфт: “Мо туро дурӯғгӯй намеҳисобем, локин он чиро, ки аз назди Аллоҳ ба ту омадааст мегӯӣ онро дурӯғ меҳисобем.”
Дар ривояти дигаре омадааст, ки баъди салом марде ба Абӯҷаҳл гуфт: “Ту бо касе, ки аз дини бобоҳояш гузаштааст, ин қадар бисёр гарм салом мекунӣ?” Ӯ гуфт: “Ба Худо қасам, мо медонем, ки ӯ Пайғамбар аст, локин кай мо тобеи қабилаи Абдуманоф (яке аз бобоҳои Расулуллоҳ (с)) будем, ки ҳоло шавем?” Ба ҳар тақдир, ҳамоно ояти мазкур нозил шуд. Дар он Зоти олими сир ва махфиёт, ки илми Ӯ ҳамаро иҳотакунанда аст, Ҳабиби Худ (с)-ро тасаллӣ дода гуфт, ки ҳамаи он чиро, ки онон мегӯянду туро андӯҳгин месозанд ва ту аз ин маҳзун мешавю афсӯс мехӯри, Мо медонем. Ҳоло ту барои он суханҳо ғамгин мабош! Онҳо дар воқеъ, туро ба дурӯғгӯӣ нисбат намедиҳанд, зеро дар ботин онҳо ба ростгӯийи ту аз собиқ мӯътарифанд. Локин он золимони дар нафсҳои худ он паём (оятҳо)-и илоҳиро, ки ҳамроҳи худ меорӣ, дурӯғ меҳисобад. Муҳаммад ибни Исҳоқ аз Заҳрӣ роҷеъ ба Абӯҷаҳл чунин ривоят кардааст: “Ӯ ва Абӯсуфиён ва Саҳр ибни Ҳарб ва Аҳнас ибни Шурайқ шабонгоҳ аз ҳамдигар пинҳон омада, тиловати Расулуллоҳ (с)-ро то субҳ гӯш мекарданд. Боре онҳо дар роҳ бо ҳам ғайричашмдошт вохӯрданд. Бо маломат ба ҳамдигар гуфтанд: “Чӣ кор шуморо ба ин ҷо овард?” Онҳо дар ҷавоб бо ҳамдигар гуфтанд: “Он Қуръоне, ки ба ӯ омадааст, ҳамон моро ба ин ҷо овард.” Хулоса, онҳо бо ҳам узр гуфтанд ва аҳд намуданд, ки ин кор бори дигар бояд такрор нашавад. Зеро бим доштанд, ки агар ҷавонони Қурайш аз ин корашон огоҳ шаванд, ба ӯ (с) пайравӣ хоҳанд кард. Чун онҳо ба ҳамдигар аҳд бастанд, ғолиби гумони ҳар кадоми аз онҳо ин буд, ки ғайри худаш касе ба шунидани тиловати Қуръон намеравад. Аммо шаби дуввум ҳам пинҳонӣ аз ҳамдигар боз барои шунидани Қуръон рафтанд. Чун субҳ дамид ва хостанд ба хонаҳои худ баргарданд, дар роҳ бо ҳам вохӯрданд, ҳамдигарро боз маломат карданду бори дигар аҳд бастанд, ки ин корро такрор намекунанд.
Дар шаби сеюм ҳам пинҳонӣ омада, Қуръонро шуниданд. Чун субҳ шуд, дар вақти бозгашт дар роҳ боз бо ҳам мулоқот карданд, бори дигар ҳамдигарро маломат карданд ва бо ҳам шадидан аҳду паймон бастанд, ки ин корро бояд хотима диҳанд ва ҳар кадом ба хонаи худ рафт. Чун муҳлати шаб хотима ёфту тантанаи рӯз фаро расид, Ал-Аҳнас бини Шурайқ асои худро бардошт ва аз хонаи худ ба қасди хонаи Абӯсуфён хориҷ шуд. Чун ба хонаи Абӯсуфён ибни Ҳарб даромад ба ӯ гуфт: “Ай падари Ҳанзала, ҳар чӣ байни мо буд, гузашт. Фикри ту дар бораи Муҳаммад чист, ҳоло ки Қуръонро аз ӯ шунидӣ?” Абӯ суфён ба ӯ гуфт: “Эй Абисаълаба, қасам ба Худо, ман дар ин се шаб чизҳоеро шунидам, ки онҳо ва мақсади онҳоро донистам. Аммо боз чизҳоеро шунидам, ки на онҳоро ва на мақсади онҳоро нафаҳмидам.” Аҳнас ба ӯ гуфт: “Ман ҳам қасам мехӯрам, ки мисли туам.” Баъд аз он аз назди ӯ хориҷ шуду назди Абӯҷаҳл омаду аз ӯ низ чунин суол кард. Абӯҷаҳл дар ҷавоб ба ӯ гуфт: “Мо дар шарафу обрӯ бо Абдуманофиҳо қаблан мунозиат доштем. Масалан, агар онҳо ба ҳоҷиҳо таъом медоданд, мо низ онҳоро таъом медодем. Агар онҳо ҳоҷиҳоро бо маркабҳо таъмин мекарданд, мо ҳам дар ин корпас намемондем. Чи чизе ба онҳо медоданд, мо ҳам рақобат намуда медодем. Хулоса, дар охир Абдуманофиҳо ба мо гуфтанд, ки дар байни мо Пайғамбар аст, ба ӯ ваҳйи илоҳӣ меояд. Аз ин баъд чӣ гуна метавонем бо онҳо рақобат кунем ва дӯш ба дӯши ҳамдигар истем? Қасам ба Худо, ягона кори ман ин аст, ки ҳаргиз ба пайғамбарии Муҳаммад имон намеорам ва ӯро асло тасдиқ намекунам.” Дигар ривоятҳо ба ин мазмун бисёр аст, хулосаи ҳ
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
амаи онҳо ин аст, ки аксари душманони сарсахти Расулуллоҳ (с) ба ҳақ будани ӯ (с) дар ботин бовар доштанду эътироф мекарданд, аммо рақобатҳо ва таассубҳо онҳоро намегузошт, ки ба ӯ (с) расман имон оранд.
Маълум аст, ки ин гуна эътиқоди ботинӣ агар дар зоҳир бо таслим омехта нашавад, қабул нест ва соҳиби чунин эътиқод дар сафи мусалмонҳо дохил нест.