Сураи Анъом Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 32

وَمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا لَعِبٌ وَلَهْوٌ ۖ وَلَلدَّارُ الْآخِرَةُ خَيْرٌ لِلَّذِينَ يَتَّقُونَ ۗ أَفَلَا تَعْقِلُونَ ٣٢

Ва ма-л-ҳайату-д-дунйа илла лаъибу-в ва лаҳв. Ва ладдару-л-ахирату хайру-л лил лазӣна яттақун. Афала таъқилун. 32.

32. Нест зиндагонии дунё, магар бозӣ ва шуғли беҳуда ва ҳаройина, сарои охират барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд, беҳтар аст. Оё хиради худро кор намефармоянд?

Бо ёрии ояти мазкур метавон дунёро бо охират муқоиса намуд. Яъне бузургтарин хушиҳои саройи фонӣ (дунё) дар муқобили камтарин хушиҳои саройи охират ҳеҷанд, зеро дунё назди Аллоҳтаъоло ҳеҷ арзише надорад. Мавқеияти зиндагонии дунё дар баробари зиндагонии охират гӯё як бозии кӯдакона аст. Дар воқеъ, кӯдакон бисёр ҳавасбоз ҳастанду мехоҳанд як умр ба бозӣ машғул бошанд. Чун онҳо аз саҳар то бегоҳ ба бозӣ саргарманд, аз ҳаводису рӯйдод бехабар мемонанд ва ногоҳ мебинанд, ки рӯз ба охир расидааст. Дар воқеъ, онҳое, ки танҳо ба дунё дил бастаанд, ғайри дунё дигар чизеро талаб надоранд, чуноне ки гузашт, мисли кӯдакон ҳавасбоз ҳастанд, то онҳо бохабар мешаванд, ки аллакай марг гиребонгирашон шудааст.

Дар давоми ояти таҳти назар Аллоҳтаъоло фармудааст, ки албатта, сарои охират барои шахсоне, ки аз Худо метарсанду парҳезгоранд, беҳтар аст, чаро ақлашонро кор намефармоянд? Хулоса, ғайри амалҳои шахсони Худотарс, ки барои ободии охирати худ кор мекунанд, дигар ҳарчи ҳаст, бозӣ ва саргармии беҳуда аст. Бояд фикр кард, ки ҳаёти инсон бо ин дунёи дурӯза маҳдуд нест, балки зиндагонии тӯлонии ҷовидон дар пеш аст.

Дар ояти баъдӣ Аллоҳ таъоло ӯ (с)-ро аз он ранҷу изое, ки аз тарафи мушрикон ба ӯ (с) мерасид, тасаллӣ дода, вайро ба сабр даъват мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)