Сураи Анъом Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 5

فَقَدْ كَذَّبُوا بِالْحَقِّ لَمَّا جَاءَهُمْ ۖ فَسَوْفَ يَأْتِيهِمْ أَنْبَاءُ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ ٥

Фақад каззабу би-л-ҳаққи ламма ҷааҳум фа савфа яътӣҳим анбау ма кану биҳӣ ястаҳзиун. 5.

5. Ба дурустӣ ки чун ҳақ (Қуръон) ба онҳо биёмад, дурӯғ ҳисобиданд, пас, ба зудӣ ба онҳо хабари он чӣ ки ба он истеҳзо мекарданд, хоҳад омад.

Аз оятҳои қаблӣ маълум шуд, ки инсон дар роҳи куфр дар як марҳила қарор намегирад, балки ҳарчи зиёдтар ба ботлоқи куфр фурӯ рафтан мегирад ва дар натиҷа, адовати ӯ ба ҳақ афзунтар мешавад. Ояти мазкур фармудааст, ки чун Аллоҳтаъоло барои байни ҳақу ботилро файсала кардан онҳоро ба мубориза хонд, яъне ба овардани китобе ба мисли Қуръон даъват намуд, онҳо аз иҷрои чунин амал оҷиз шуданд ва рӯ ба истеҳзо ниҳода, ҳатто Қуръонро ҳам дурӯғ ҳисобиданд. Акнун онҳо нишонаҳои Аллоҳро, чи дар Замину чи дар Осмон ва чи дар нафси худ, бинанду инкор кунанд, дигар ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб нест. Охир, онҳо бузургтарин муъҷизаро инкор кардаанд. Аммо чунин амали онҳо аз мадди эътибори Аллоҳтаъоло барканор намонд. Дар давоми ояти мазкур Аллоҳтаъоло ба онҳо ваъиди азоб намуда мефармояд, ки зуд аст хабари он чизеро дурӯғ ҳисобида масхара карданд, бидуни шакку шубҳа ба онҳо мерасад, пас дарк хоҳанд кард, ки чӣ кори хатое кардаанд. Надомату пушаймонӣ дигар ба дарди онҳо намехӯрад.

Хулоса, таҳдиди охири ин оят, яъне оқибати шуми беимонӣ дар оянда ва ё ба наздикӣ, чи дар дунё ва чи дар охират, чуноне ки ояти зер баён мекунад, домани онҳоро хоҳад гирифт.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)